Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 15,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25% бештар аст.
Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шурӯъ аз оғзи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 4,7 ҳазор ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 1,6 маротиба зиёдтар мебошад.
Ҳамчунин ҳодисаҳои ришваситонӣ (1,9 баробар), ғоратгарӣ (40%), қаллобӣ (32%), дуздӣ (8,8%), авбошӣ (6,6%), куштори барқасдона (2,2%) низ тамоили болоравӣ касб кардаанд.
Дар муқоиса бо давраи моҳҳои январ-ноябри соли гузашта ҷиноятҳои марбут ба тайёр кардан, харидан, нигоҳдорӣ, интиқол ва истеъмоли маводи мухаддир ба андозаи 16,3% афзудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 3,4 ҳазор ҷиноятҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар бештар аст.
Миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ болоравии мизони ҷинояткорӣ бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 37% баробар аст. Дар шаҳри Душанбе нишондиҳандаи болоравии мизони ҷинояткорӣ 32, ноҳияҳои тобеи марказ – 16, вилояти Хатлон – 14 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10%-ро ташкил додааст.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста