Дар суди ноҳияи Қубодиён баррасии парвандаи ҷиноиикорманди тиббии беморхонаи ноҳиявӣ Акмал Рашидов ва ҳамдеҳаи ӯ Иброҳим Қурбонов оғоз гардид.
Ҳарду ба узвият дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешаванд. Суди сайёр таҳти раёсати раиси суди ноҳия дар маркази ҷамоати Янгийӯл, ки айбдоршавандагон сокинони деҳаи Қизил Нишони ин ҷамоат мебошанд, ҷараён дорад.
Айбдоркунандаи давлатӣ Убайдулло Орзуев зимни қироати қисмати айбдории парванда зикр кард, ки моҳи майи соли гузашта Акмал Рашидов аз телефони ҳамроҳи ҳамдеҳааш Нусратулло Абдуллоев сабтҳои марбут ба таблиғоти афкори ҲИӮ ва акси пешвои ин созмон Муҳаммадтоҳир Фаррухро ба телефони худ ворид намудааст. Абдуллоев ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба сафи ҲИӮ шомил шуда, ҳамроҳ ба Афғонистон раванд. Вале он замон танҳо Нусратулло ва Суннатулло Абдуллоевҳо ба кишвари ҳамсоя рафтаанд.
Аввали моҳи август Рашидов аз телефони ҳамроҳи дигар ҳамдеҳааш Нуралӣ Атохоҷаев сабтҳои аудиоӣ бо даъватҳои ҲИӮ ва аксҳои иловагии пешвои ҳаракатро ба телефони худ ворид намудааст. Сипас ӯ ин аксу сабтҳоро ба телефони ҳамроҳи табиби ҳамкораш Бахтиёр Саидов гузаронида, аз ӯ низ даъват мекунад, ки ба сафи ҲИӮ шомил гардад. Баъди чанде онҳо ба ҳамдигар дискҳои суханронии пешвои ҲИӮ-ро пешниҳод карда, ба таблиғи аъзои нав оғоз мекунанд.
Рӯзи 15-уми апрели соли гузашта кормандони раёсати вилоятии КДАМ Акмал Рашидовро боздошт намуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти ӯ 12 компакт-дискҳое дарёфт мекунанд, ки қисмате аз онҳо хусусияти ифротгароӣ доштанд.
Ҳарду айбдоршавандагон худро гунаҳкор намешуморанд. Ҳангоми пурсиш Акмал Рашидов таъкид кард, ки ӯ Нусратулло Абдуллоевро ҳамчун ҳамдеҳааш намешиносаду бо ӯ ягон кори умумие ҳам надоранд. «Ман аз ӯ ягон супориш ё сабтҳои телефонӣ нагирифтаам. Ҳамчунин ман огаҳ нестам, ки чӣ гуна дар телефони ҳамкори ман ин сабтҳо пайдо шудаанд. Дуруст аст, ки ман аз Нуралӣ Атохоҷаев якчанд компакт-диск гирифтам, вале намедонистам, ки он хусусияти ифротгароӣ дорад. Ҳатто то замони боздошт огаҳӣ надоштам, ки ҲИӮ созмони ифротгаро аст. Гумон доштам, ки дар сабтҳо мавъизаҳои оддии динӣ мавҷуданд», - изҳор кард Акмал Рашидов.
Бозпурсии судшавандагон дар мурофиаи навбатии судӣ идома меёбад.
Ёдрас мекунем, ки сокини деҳаи Қизил Нишон Бахтиёр Умаров низ дар узвият ба ҲИӮ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон боздошт шуда, рӯзи 3-юми феврал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуд.
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург”
Дар Суғд алайҳи як ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз кардаанд
Боздошти як зан бо гумони латукӯби бераҳмонаи кӯдаки 2-сола
Обуҳавои моҳи аввали зимистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста