Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии кишвар»-ро маъқул донист.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки тағйироти асосӣ ба тавсияҳои СММ ҷиҳати ба мутобиқат овардани қонунгузорӣ бо Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф марбут аст.
«Дар бораи масъулият доштан ҳангоми истифодаи шиканҷа дар бисёр моддаҳои КҶ сухан рафтааст, вале дар кодекс моддаи алоҳида оид ба шиканҷа вуҷуд надорад ва ин боиси интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ шудааст», - гуфт вай.
Ба гуфтаи Ш.Салимзода, дар лоиҳаи пешниҳодшуда моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» пешбинӣ гардида, ҷазо барои истифодаи он аз 2 то 5 сол ва зимни такроран ба чунин ҷиноят даст задан аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амволро ташкил медиҳад.
«Соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ворид шуд, ки дар 13 ҳолат онҳо тасдиқи худро ёфтанд. Соли гузашта бошад, 26 чунин арзу шикоят ворид гардида, дар 5 ҳолат тасдиқ шуданд», - таъкид кард номбурда.
Ба андешаи вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ, асосан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои афзудани фоизи ошкоршавии ҷиноят нисбат ба боздоштшудагон шиканҷаро истифода мекунанд. «Агар дар кишварҳои рушдёфта фоизи ошкоркунии ҷиноят то 50%-ро ташкил диҳад, дар мо он қариб ба 100% баробар аст. Дар мо то ҳанӯз менталитети шӯравӣ, яъне ҳатман ошкор кардани ҷиноят боқӣ мондааст», - гуфт Кабирӣ ва афзуд, ки дар Тоҷикистон бознигарии низоми тафтишот зарур аст.
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста