Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масоили марзиро тасдиқ кард.
Созишномаи мазкурро дар таърихи 2-юми сентябри соли гузашта сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар Душанбе ба имзо расонида буданд.
Дар он ҳузури мушовирони русиягӣ оид ба масоили марзӣ дар ҳайати гурӯҳи ҳамкориҳои сарҳадӣ ва танзими масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи нашъаовар пешбинӣ шудааст.
Зимни шарҳи санади мазкур ба вакилони палатаи поёнии парлумон фармондеҳи қувваҳои сарҳадбонии ҷумҳурӣ Шералишо Мирзоев зикр кард, ки иштироки намояндагони Русия дар такмили низоми муҳофизати сарҳади давлатӣ, таъмини амнияти марз ва тайёр кардани кадрҳо барои нерӯҳои марзбонӣ дар назар аст.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур соли 2011 таҳия гардида, ба манфиатҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ аст. «Тибқи созишномаи нав, марзбонони русиягӣ минбаъд низ ба ҳамтоҳои тоҷики худ дар омодасозии кадрҳо, амалисозии ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва муҷаҳҳаз кардани марзи давлатӣ бо таҷҳизоти муҳандисӣ кӯмак мерасонанд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси президенти Русия сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, дар он аз ҷумла масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникӣ ва ҳамчунин таҳкими заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии он баррасӣ шуд.
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста