Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА лавозимоти шахсиро бо арзиши зиёда аз 115 000 доллари амрикоӣ иборат аз лавозимоти шахсӣ барои ҳимоя, либосҳои гарм ва лавозимоти размороӣ ба қувваҳои мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дастрас намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизотро зиёда аз 40 нафар кормандони қувваҳои махсуси мусаллаҳи мобилии қушӯнҳои сарҳадӣ, ки таҳти омӯзиши устодони америкоӣ оид ба усулҳои алайҳи маводи мухаддир қарор гирифтанд, истифода хоҳанд кард. Ин таҷҳизот барои баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон равона шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ Кордони сафорати ИМА хонум Сэра Пенхюн иброз дошт: «Ҳукумати Амрико бо қушӯнҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани амнияти сарҳадӣ ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории зич дорад. Мо дар таъмин намудани амнияти сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон ва ифротгарон мақсади муштарак дорем».
Номбурда ҳамчунин гуфт, ин таҷҳизот кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ифротгароӣ беҳтар мегардонад. Ин хайрия яке аз лоиҳаҳои кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳиТоҷикистон пешкаш гардидааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста