Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Гузориши навбатӣ оид ба вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон дар соли 2011 баргузор шуд.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, Гузориш аз ҷониби Агентии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон таҳия гардида, бо се забон – тоҷикиву русӣ ва англисӣ нашр шудааст.
Дар маросими муаррифӣ ва супурдани гузориш директори АНМН Рустам Назаров, роҳбари департаменти низомӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Алестер Ливингстон, роҳбарони воҳидҳои Агентӣ, ки аъзои ҳайати мушовараи таҳририя буданд ва кормандони масъули Дафтари САҲА иштирок карданд.
Зимни суханронӣ дар маросими мазкур директори АНМН аз Дафтари САҲА барои ҳамкории пурсамар дар бахши мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла дастгирии молиявӣ ҷиҳати нашри Гузоришҳо оид ба вазъи мухаддирот изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар навбати худ, Ливингстон итминон дод, ки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон минбаъд низ ҳамаҷониба Агентиро дастгирӣ хоҳад кард.
Ҳадафи аслии таҳияи Гузориш пешниҳоди маълумоти фарогир ва ҳамаҷониба оид ба вазъи мубориза бо маводи мухаддир ва натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аст.
Қобили зикр аст, ки Гузориши мазкур ба сохторҳои давлатии кишвар, мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ, сафоратхонаву созмонҳои байнулмилалии муқими ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО расонида мешавад.
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста