Ду нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 18 нафар кормандони хадамоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз “Барномаи «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ” дар шаҳри Кобул семинари омӯзишӣ гузарониданд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи семинар Ҷонишини вазири корҳои дохилии ин кишвар Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Чандин нафар аз ҷумлаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки дар ин семинар иштирок доштанд, пештар дар курсҳои омӯзишӣ дар базаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Ширкаткунандагони семинар хостори он шуданд, ки ин гуна курсҳо на танҳо дар Кобул, балки бештар дар Душанбе созмон дода шавад. Аз назари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон имкониятҳои техникии дарсхонаҳои Агентӣ, таъминоташон бо маводҳои таълимиву адабиётҳои омӯзишӣ ва илмӣ-методӣ фарохтар аз имкониятҳои ҳамсон дар Афғонистон мебошанд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар айни замон Агентӣ ба яке аз марказҳои пешрафтаи таълимӣ барои бозомӯзонидани кормандони сохторҳои зиддимухаддиротӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки барои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа табдил ёфтааст. Чандин сол инҷониб мутахассисони Агентӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳам дар базаи Агентӣ ва ҳам дар хориҷ аз он, аз ҷумла дар Афғонистон тренингу семинарҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронанд.
Имрӯз наметавон олами муосирро бидуни воситаҳои алоқаи телекоммуникатсионӣ тасаввур кард ва аз ин васоит ҷинояткорон низ басо моҳирона истифода мекунанд. Ин аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи олам ба таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Барномаи «i2» низ аз ҳамин гуна барномаҳои пешрафта аст, ки омӯзиши он ба кормандони хадамоти махсус, бахусус, ба касоне, ки бо мухаддирот мубориза мебаранд, амри зарурист.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста