Чанде қабл зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин Лян Гуанле дар Пекин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ баррасӣ шуданд.
Ёдрас мекунем, ки айни замон вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин қарор дорад.
Бино ба маълумоти «Жэнмин жибао», Лян Гуанле таъкид доштааст, ки Тоҷикистону Чин дар доираи СҲШ ҳамкориҳои хуби амалиро роҳандозӣ карданд. «Ҳарду кишвар оид ба як қатор масоили муҳими минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавқеи ягона ё ба ҳам монандро доранд», - иброз доштааст ӯ.
Ба қавли Лян Гуанле, муносиботи низомии Чину Тоҷикистон тамоили солим ва рушди устуворро касб кардаанд. «Чин дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон ба идомаи таҳкими муносибатҳои ҳамкории низомӣ дар бахшҳои гуногун омода аст», - гуфтааст узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста