Чанде қабл дар канори деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод сокинони маҳаллӣ ду тири натаркидаи ҷангӣ ва як мина дарёфт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷроияи Кумитаи минтақавии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, дар макони аслиҳаи дарёфтшуда ҷиҳати пешгирии ҳодисаи нохуш аломатҳои огоҳкунанда гузошта шуданд.
«Бо таъсиси маркази ҷамъиятии таблиғи коҳиши хатарҳои мина дар деҳа бо роҳбарии директори мактаби маҳаллӣ Қурбон Исломов акнун тамоми аҳолии маҳаллӣ ба ҷустуҷӯйи аслиҳаи натаркида машғул аст ва ин бесабаб нест, зеро тайи солҳои ахир аз 13 нафари аз таркиши чунин аслиҳа ҳалокшуда, 8 нафарашон маҳз сокинони ҳамин деҳаи Порворанд», - гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин гуфт, марказҳо оид ба коҳиши хатари мина дар ноҳияҳои Шӯрообод, Фархор ва Ҳамадонӣ таъсис дода шуда, дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар маблағгузорӣ мешаванд.
Зикр гардид, ки кормандони Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар бораи дарёфти аслиҳаи ҷангӣ дар деҳаи Порвор ба мақомоти фармондеҳии қисми низомии мустақар дар ноҳияи Шӯрообод хабар додаанд.
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста