Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» Маркази таълимии кинологӣ кушода шуд.
Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ иттилоъ доданд, моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Идораи сарҳадот ва назорат аз болои мухаддирот дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он оид ба таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани мутахассисон-кинологҳо на танҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ, балки барои мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор қабул карда шуд.
Бо ин мақсад соли 2010 бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» дар базаи хадамоти кинологии Агентӣ сохтмони бинои маъмурии Маркази таълимӣ оғоз шуд.
Соли 2011 корҳои сохтмонии синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ барои шунавандагон, ошхона, китобхона, толори варзишӣ, инчунин биноҳо барои нигоҳ доштан, дарс, омӯзиш додан ва зиёд кардани сагҳои хизматии кофтуковӣ ба охир расиданд.
Таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани кинологҳо, зиёд кардан ва омода намудани сагҳои хизматии кинологӣ оид ба ёфтани мухаддирот, барои баланд гардидани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ҳам Агентӣ, инчунин дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.
Дар суханронии худ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров қайд кард, ки дар оянда инчунин сохтани Маркази таълимии махсусгардонидашуда ба нақша гирифта шудааст, ки дар он тайёр кардани на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ, балки кормандони зидди мухаддиротии ҶИА низ имконияти таълим гирифтан пайдо менамоянд.
Дар ифтитоҳи расмии кушодашавии Маркази таълимии кинологӣ Муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, Намояндаи ПРООН дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Зуев, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар кишвари мо Э.Ауэр, инчунин намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки дар мамлакати мо аккредетатсия шудаанд, иштирок намуданд.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста