Дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти минтақавии зиддимухаддироти «Канал-Шарқ» (4-9-уми июн) дар Тоҷикистон ҳудуди 500 кило маводи мухаддир мусодира шуд.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар ин давра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 13 ҷинояти марбут ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор карданд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи қарори сарварони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати ошкору қатъ кардани роҳҳои қочоқи маводи нашъадори истеҳсоли ҶИА аз тариқи Осиёи Марказӣ ба Россия ва Аврупо, инчунин интиқоли ғайриқонунии прекурсорҳо аз хориҷа ба Афғонистон, аз 4 то 9-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои СААД - Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалиёти минтақавии оперативӣ - пешгирикунандаи «Канал-Шарқ» гузаронида шуд.
Кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Муғулистон дар ин амалиёт ба ҳайси нозир иштирок доштанд. Раёсати оперативии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ доир ба роҳбарии амалиёт дар шаҳри Благовешенски Федератсияи Россия ташкил карда шуд, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон иширок намуд.
Гузаронидани ин амалиёт дар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар бораи ба амалиёти «Канал» додани статуси амалиёти зиддимухаддиротии минтақавии доимоамалкунанда аз моҳи сентябри соли 2008 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти дахлдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2012-2013 амалӣ гардидааст.
Мақсади баргузории амалиёти мазкур аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии давлатҳои иштирокчӣ, беҳдошти вазъи ҷиноӣ дар минтаъқаи давлатҳои аъзои СААД, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи мухаддиротии трансмиллӣ, ки ҳудуди кишварҳои минтаъқаро барои қочоқи маводи нашъадор истифода мебаранд, инчунин аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштани маводи нашъадор, яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ иборат мебошад.
Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Канал-Шарқ» 44 ҳазор кормандон сафарбар гардида, барои бастани самтҳои асосии қочоқи маводи нашъадор дар 314 истгоҳҳои роҳи оҳан, 114 фурудгоҳҳо, 1252 роҳҳои автомобилгард ва 56 истгоҳҳои баҳрӣ 2086 гурӯҳҳои оперативии муштарак ва 2152 дидбонгоҳ ташкил дода шуданд. Қариб 31 ҳазор воситаи нақлиёт, аз ҷумла 11402 адад нақлиёти боркаши калон, 19556 автомобили сабукрав, инчунин 1115 поездҳои мусофирбар, 409 почтабар ва 1165 қатораҳои боркаши роҳи оҳан санҷида шуданд. 4036 ҷиноят, аз ҷумла 683 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи нашъадор ва 85-то дар шакли гурӯҳӣ ошкор карда шуд.
Дар натиҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои СААД дар маҷмӯъ зиёда аз 5 тона маводи мухаддир мусодира гардидааст. Аз ин миқдор 552 киллоро героин, 241 кило афъюн, инчунин зиёда аз 14 тонна прекурсор ташкил мекунад. Ҳамзамон 250 адад яроқи оташфишон ва шумораи зиёди аслиҳа мусодира гардид.
Бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорат ва идораҳои иштирокчии амалиёт дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони мутассадии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук Ситоди миллии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда буд.
Дар амалиёт аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 32 гурӯҳи муштарак ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои нақлиёт, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, роҳҳои автомобилгард ва самтҳои асосии қочоқи маводи нашъадор ташкил шуда буд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин давра 13 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкору қатъ ва қариб ним тонна маводи мухаддир мусодира карданд.
Таҷрибаи пешқадами баргузории амалиётҳои минтақавии оперативӣ-пешгирикунанда, аз ҷумла «Канал-Ҷануб соли 2010 дар Тоҷикистон, «Канал-Ғарб» соли 2011 дар Белоруссия ва «Канал-Шарқ» имсол дар Благовешенск, имконият медиҳанд, ки мубориза бо маводи нашъадор дар сатҳи миллӣ самараноктар ташкил карда шавад.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста