Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ба дӯши кормандони мақомотҳои қудратӣ, бахусус кормандони милитсия вогузор карда шудааст ва то ба имрӯз ҳама ҷашнвора ва маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ бо қабулу гусели меҳмонони олиқадри дохилию хориҷӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса мегузаранд.
Тавре аз Вазрати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯзҳо низ кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ барои гузаронидани ҷашни таърихӣ, ки барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон маҳбубияти хоса дорад, «Ваҳдати Миллӣ» тайёрӣ дида истодаанд. Дар робита ба ин дирӯз Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳомидов Барот, ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо дар назди Сирки давлатии пойтахт ҷамъ намуда, бори дигар риоя намудани сару либоси низомӣ, муошират бо шаҳрвандон ва қабули иштирокчиёни ҷашнвора корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро дар ин самт сафарбар намуд.
Бояд ёдрас гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри хотирмон гузаронидани ҷашн ва таъмини истироҳату фароғати шабонарӯзии шаҳрвандон омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Дар сурати аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди тафтиш қарор гирифтани шахсони бе қайди ҷойи зист набояд дар изтиробу ташвиш афтод. Зеро тарзи дурусти зиндагӣ, риояи қонун ва одоби шаҳрдорӣ дар пойтахт кафили сулҳу оромист. Дар алоқамандӣ ба ин шаҳрвандон низ бояд дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояткорона саҳмгузор бошанд.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста