Муддати як моҳ аст, ки ҳукуматдорони Афғонистон ду адад чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникиашро боздошт намудаанд. Онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон фаъолият доштанд.
Дар суҳбати телефонӣ муҳандиси техникии яке аз чархболҳо Илҳом Қаюмов изҳор кард, ки чархболҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон як моҳ қабл фаъолияташон тибқи қарордод дар Афғонистонро анҷом дода, бояд ба ватан бармегаштанд, вале аз ҷониби Вазорати нақлиёти Афғонистон боздошт шудаанд.
Ба қавли Қаюмов, баъди чанд рӯз Вазорати нақлиёти Афғонистон аз эътирози гӯё бидуни иҷозати пешакии хадамоти диспетчерии фурудгоҳи Кобул Афғонистонро тарк кардани чархболҳо даст кашида, вале акнун ба парвози чархболҳо Вазорати мудофиа ва Хадамоти амнияти Афғонистон иҷозат намедиҳад.
«Сабаби мушаххаси боздоштро то ҳанӯз ба мо шарҳ надодааанд, - гуфт ӯ. – Айни замон ин масъаларо сафорати Тоҷикистон дар Кобул пайгирӣ дорад».
Номбурда афзуд, 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникии чархболҳо дар як манзиле дар канори шаҳри Кобул мустақар буда, шиносномаҳои 5 нафари онҳо гирифта шудаанд.
Феълан ҳукуматдорони Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» роҷеъ ба ин қазия маълумот ё шарҳу тавзеҳе интишор накардаанд.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста