Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон дар Душанбе роҳбари ҳайати Конгресси ИМА Дэн Бэртон изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ҳамчун ба ҷойгузини фурудгоҳи «Манас» дар Қирғизистон назар меандозад. Феълан дар фурудгоҳи «Манас» пойгоҳи низомии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мустақар аст, ки онро имрӯз ба истилоҳ Маркази ҳамлу нақли транзитӣ низ ном мебаранд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 пойгоҳи низомии «Манас» баста шуда, масъалаи саривақт кушодани маркази нави таъмини амният барои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, бахусус «Ал-Қоида» ва Толибон рӯйи кор меояд ва аз ин лиҳоз Тоҷикистон метавонад макони ташкили чунин марказ бошад.
Ӯ хотирнишон кард, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба нерӯҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, онро аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд.
«Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ воқеъ аст ва аз ин рӯ, дар равандҳои минтақавӣ кишвари калидӣ маҳсуб меёбад. Мо таъкид мекунем, ки Тоҷикистон бояд ҳатман дар эҳёи «Шоҳроҳи Абрешим» иштирок кунад, зеро таъмини нерӯҳои НАТО тавассути қаламрави он сурат хоҳад гирифт», - гуфт конгрессмен.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати ду палатаи Конгресси ИМА таҳти сарварии узви палатаи намояндагон Дэн Бэртон (ҳизби ҷумҳурихоҳон аз иёлати Индиана) ва узви палатаи намояндагон Грегори Микс (узви ҳизби демократ аз иёлати Ню-Йорк) рӯзи 5-уми июл ба Душанбе ташриф овард. Ин ҳайат аз Қазоқистону Қирғизистон боздид намуда, ба Ӯзбекистон низ ташриф меорад. Ҳадаф аз сафари ҳайати намояндагони Конгресси ИМА омӯзиши масоили тиҷорати минтақавӣ, демократия, волоияти қонун, таъмини амният ва рушд дар ин кишварҳо унвон мешавад.
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста