Аз 12 нафар ҳайати кормандони ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр», ки дар Кобул боздошт шуда буданд, ҳафт нафарашон ба ватан баргаштанд.
Дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандон ин ҳайат бо номи Илҳом Қаюмов хабар дод, ки тақдири панҷ нафар кормандони боқимонда ҳанӯз маълум нест. «Муддати 2 моҳ аст, ки моро дар як манзиле дар канори шаҳри Кобул нигоҳ дошта, шиносномаҳоямонро то ҳанӯз барнагардонидаанд. Чун ҳуҷҷат надорем, равуо дар шаҳр барои мо мушкил аст», - гуфт вай ва таъкид кард, ки шароити будубоши онҳо «муътадил» аст.
Илҳом ҳамчунин зикр кард, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон пайи ҳалли мушкилоти онҳо кӯшиш ба харҷ дода, рӯзҳои наздик директори генералии «Тоҷик Эйр» ва муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон низ бояд ба Кобул оянд.
Ба қавли номбурда, ӯ то ҳанӯз ба сабаби манъ кардани парвози чархболҳо сарфаҳм намеравад. «Он рӯз мо тамоми расмиёти парвоз аз фурудгоҳро анҷом дода будем, вале бевосита зимни ворид шудан ба чархбол моро дар бораи истифодаи ғайриқонунии чархболҳо огоҳ намуданд», - мегӯяд Илҳом. Ӯ зикр кард, ки муддати чандин сол тибқи қарордод дар ширкати Supreme Food, ки нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистонро бо маводи ғизойӣ таъмин мекунад, кор мекардааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабари боздошти ду чархболи ширкат дар Афғонистонро, ки дар чанде аз расонаҳои хабарӣ иншор шуд, рад месозад. Дар иттилои аз ҷониби хадамоти матбуоти ширкат чопшуда зикр мегардад, ки ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳайати кормандони техникиву халабонон мутобиқи қарордод бо як ширкати машғул ба таъминоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фаъолият доранд.
«Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд», - гуфта мешавад дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.
Дар ширкати ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки ҳайати кормандони чархболҳо боздошт нагардида, дар сафари хидматианд ва озодона дар шаҳри Кобул будубош доранд.
«Айни замон ширкате, ки ҳайати кормандони чархболу ҳавопаймоҳоро киро кардааст, ҳамаҷониба баҳри ҳалли баҳси ҷойдошта кӯшиш ба харҷ медиҳад, - гуфтанд дар ширкат. – Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд».




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста