Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни амалиёти махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон ба талафот дучор шуда, 9 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ҳалок ва 25 тан ҷароҳат бардоштанд, - хабар медиҳад ИТАТ-ТАСС бо истинод ба як манбаъи наздик ба амалиёти мазкур.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва канори он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб, ки ба қатли қатли ваҳшиёнаи Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ муттаҳам дониста мешавад, оғоз гардид. Амалиёт бо чархболҳову техникаи ҳарбӣ сурат мегирад.
Нерӯҳои ҳукуматӣ чанд тан аз аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонуниро нобуд сохта, якчанд нафарро боздошт намудаанд, ки миёни онҳо панҷ нафар афғонҳо низ ҳузур доранд. Айни замон дар шаҳри Хоруғ задухӯрди мусаллаҳона ҷараён дорад.
Бино ба маълумоти рӯзномаи Имрӯз-News, дар қаламрави наздимарзии Бадахшони Афғонистон «ҷамъшавии низомиён ба мушоҳида мерасад, ки шумори ҷангиёнашон метавонад то ба 200 нафар расад.
Робитаи телефонӣ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қатъ гардида, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ манъ шудааст.
Ба иттилои ИТАР-ТАСС, хадамоти иктишофии Тоҷикистон маълумот дар бораи гӯё дар қаламрави Бадахшони Афғонистон мутамарказ гардидани ҷангиёнро месанҷад. Дар ҳамин ҳол, ҳукуматдорон ба кӯчонидани аҳолии осоишта аз макони даргириҳо шитоб надоранд.
Хабаргузории Би-Би-Сӣ менависад, ин ҳодисаҳо ба он вобастаанд, ки ВМКБ чандин маротиба ба амалҳои ҳукуматдорон изҳори норозигӣ баён карда, онҳоро ба фасодкориву рафтори бераҳмона гунаҳкор кардаанд.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ, дар минтақа нисбат ба ҳукумати марказӣ нуфузи пешвоёни ғайрирасмии Помир Бештар аст. Ба андешаи чанде аз коршиносон, ҳукумат ҳадафмандона амалиёти бузургмиқёси низомӣ доир месозад, ки на ба амалиёти боздошти қотилони генерал, балки бештар ба иқдоми ба ҳарос андохтан монанд аст.
Ёдрас мекунем, сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ ггенерали 56-сола Абдулло Назаров шоми 21-уми июл дар канори шаҳри Хоруғ кушта шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, сари роҳи автомашинаи ӯро як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони ҷавони номаълум банд карда, ӯро аз автомашина берун меоранд ва бераҳмона ба қатл мерасонанд. Гуфта мешавад, ҳамроҳи генерал дар автомашина се нафар ҳамтои мусаллаҳи ӯ низ будаанд, вале ба наҷоти ӯ нашитофтаанд. Айни ҳол сабабҳои чунин рафторро тафтишот мавриди таҳқиқ қарор додааст.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста