Дар робита ба вазъи муташанниҷ дар Тоҷикистон, нерӯҳои марзбонии кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора КирТАГ бо истинод ба сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Қирғизистон Гулмира Борубоева хабар медиҳад.
«Дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони марзи Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои марзбонӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Аммо оид ба иҷозати убури шаҳрвандон тавассути марз ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст. Оид ба таъмини амният чораҳои иловагӣ андешида шуданд», - изҳор кардааст У.Борубоева.
Ба гуфтаи ӯ, хадамоти нерӯҳои марзбонии Қирғизистон вазъ дар кишвари ҳамҷаворро пайгирӣ доранд. Дар марз назорат пурзӯр шуда, нерӯҳои иловагӣ оварда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шаби гузашта дар Хоруғ нисбатан ором сипарӣ шуд. Реҷаи оташбас, ки рӯзи 25-уми июл эълон шуда буд, риоя мешавад. Шаби гузашта ҳеҷ задухӯрд, бахусус задхӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта нашудааст. Субҳи имрӯз хабар расид, ки нимаи дуюми рӯз ҷангиёни гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ба супурдани аслиҳа шурӯъ мекунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод
Ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Раиси Додгоҳи олӣ ҳукми Аҳмади Иброҳимро шарҳ дод
Аз Додгоҳи олӣ шарҳ доданд, ки чаро иҷрои ҳукми Рухшона Ҳакимова мавқуф гузошта нашуд
Аз ошӯби зиндони Ваҳдат то қонуни авф. Дар нишасти матбуотии Вазорати адлия кадом масоил баррасӣ шуданд?
Майдон барои “утилизатсия”-и нақлиёт то ҳол нест, вале аз ин ҳисоб 1,7 млрд сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст
Ҳушёр бошед! Қаллобон аз номи “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд
Рамазон Раҳимзода тасдиқ кард, ки “Боим” боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст
Рӯйхати беҳтаринҳо. Размикорони тоҷик дар радабандии UFC дар кадом мавқеъҳо қарор доранд?
Додгоҳи олӣ ҳувияти ҳамлагарон ба муфтии Тоҷикистонро ошкор кард
Вазири корҳои дохила гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Конибодом “чанд нафари дигар дар кофтукованд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста