Нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ки субҳи имрӯз дар робита ба қатли пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада буданд, тир кушоданд . Ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ду тан аз тазоҳургарон захмӣ шудаанд.
Субҳи имрӯз ҳудуди садҳо нафар ҷавонон, ки дар маросими ба хок супурдани Имомназар Имомназаров ҳузур доштанд, назди бинои ҳукумати вилоят гирдиҳам омаданд. «Аз издиҳом ба суӣ бино сангафканӣ оғоз гардид. Дар посух тирапрронӣ сурат гирифта, дар натиҷа ду тан аз тазоҳургарон аз пояшон захмӣ шуданд», - гуфт хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Баъди чанде сокинони Хоруғ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд. Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, шумори тазоҳургарон якчанд ҳазор нафарро ташкил медод. Тазоҳургарон ҳукуматдоронро ба даст доштан дар куштори И.Имомназаров ва ҳамчунин риоя накардани шартҳои ҳосилшуда дар гуфтушунид оид ба халъи силоҳ ва хурӯҷи нерӯҳои низомӣ айбдор намуданд.
Ёдрас мекунем, ки тақрибан соати 4-и субҳи имрӯз яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров дар манзили зисташ бо партоби норинҷак ва тирпарронӣ аз автомат кушта шуд. Имомназаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародараш захмӣ ва ба шифохона мунтақил гардид.
И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста