Дар рӯдхонаи Амӯдарё дар қаламрави Ӯзбекистон ҷасади як марди аз рӯйи аломатҳои зоҳирӣ мушобеҳ ба пешвои ҷамъияти ӯзбекони Хатлон Салим Шамсиддинов бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст. С.Шамсиддинов моҳи марти соли равон бедарак шуда буд.
Дар нишасти хабарии имрӯза муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Нозимов дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи маълумоти фаврӣ, ҷасад дар рӯдхонаи Амӯдарё дар қаламрави кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бидуни аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст.
«Айни замон мо барои хешовандони Шамсиддинов ҳуҷҷат омода карда истодаем, то ки ба Ӯзбекистон рафта, шахсияти ҷасадро муайян кунанд», - иброз дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки дарҳол пас аз бедарак шудани Шамсиддинов Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар изҳороти худ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда , зикр карда буд, ки бо мақсадҳои сиёсӣ рабуда шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонад.
Дар изҳорот аз ҳодисаи мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтани Шамсиддинов аз ҷониби афроди номаълум дар рӯ ба рӯи бинои Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, ки 5-уми майи соли 2012 ба вуқӯъ пайваста буд, ёдоварӣ шуда буд. «Манбаъҳои маҳаллӣ ин ҳодисаро ба мусоҳибаи чанде пештар бо ВАО доштаи ӯ рабт медиҳанд. Дар он Шамсиддинов изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон сиёсати миллатгароиро роҳандозӣ кардааст», - баён гардида буд дар изҳорот.
«Раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров ба ВАО изҳор кард, ки нопадид шудани С.Шамсиддинов яқинан ангезаи сиёсӣ дорад ва ба иштироки ахирӣ дар гурӯҳе, ки рӯйи тағйири қонунгузорӣ дар бораи интихоботи президент кор мекунад ва даъвати ӯ аз ӯзбекҳои этникии Тоҷикистон бобати ба ҷонибдории Раҳматилло Зойиров овоз додан дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президентӣ марбут аст», - навишта буд Amnesty International.
Созмони Афви Байнулмилал аз ҳукуматдорони Тоҷикистон расидагии фаврӣ ба ҳодисаи мазкур ва муайян кардани макони будубоши Шамсиддиновро дархост намуда буд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста