Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ахиран дар Тоҷикистон далелҳои ба ҳаллу фасли масоили ҷиноӣ ҷалб гардидани тарбиятгирандагони мактабҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ ба мушоҳида мерасанд.
«Аз як тараф, хуб аст, ки ҷавонони мо дар чунин мактабҳо сифатҳои ҷангиву муҳофизати худро сайқал медиҳанд, вале онҳо мушаххасан бояд дарк кунанд, ки дар ҷомеа нерӯҳое пайдо хоҳанд шуд, ки онҳоро ба ҳаллу фасли муноқишаи ҷиноӣ ва тақсими нуфузи таъсир истифода карданӣ мешаванд», - зикр кард Салимзода.
Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳодисаҳо аллакай сурат гирифтаанд. «Ба ин куштори пурсарусадои шаби 28-уми феврали соли равон дар тарабхонаи «Шаҳрисабз» , ки дар натиҷаи муноқиша миёни ду гурӯҳи ҷавонон ба амал омада, як тан аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва дигаре бистарӣ шуда буд, мисол шуда метавонад», - иброз дошт прокурори генералӣ.
Ш.Салимзода афзуд, чанде аз иштирокчиёни ин муноқиша ва дигар ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз малакаҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ бархӯрдор буданд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста