Роҳбари гуруҳи террористӣ Алимурод Амахонов, ки ахири ҳафтаи гузашта дастгир шуда буд, зимни суханронӣ шоми рӯзи сешанбе дар барномаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш биноҳои мансуб ба ВКД, КДАМ ва чор дарвозаи пойтахтро дар остонаи интихоботи президентии 6-уми ноябр таркониданӣ будаанд.

Дар барномаи телевизионӣ ҳамчунин ҳаммаслакони Амаханов – сокини ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Ҳусейнов ва сокини шаҳри Кӯлоб Амиралӣ Давлатов низ гуфтаҳои роҳбарашонро тасдиқ намуда, таъкид доштанд, ки амалӣ намудани таркишҳо бо истифода аз автомашинахои обкаш ба нақша гирифта шуда буд.

Сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Амахонов бо лақаби «устод» тасдиқ намуд, ки соли 2011 ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) пайваста, як гурӯҳи 8-нафараи иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро сарварӣ мекардааст.

«Раҳбарияти ИДӮ ба ман ва тобеъонам супориш дод, ки Тоҷикистон тибқи фармудаҳои Қуръон зиндагӣ намекунад ва барои ин бояд муҷозот шавад», - гуфт Амахонов.

Роҳбари гурӯҳи террористӣ ҳамчунин эътироф намуд, ки дар Вазиристони Покистон таълими ҳарбӣ гирифта, барои омӯзиш ба он ҷо якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла бародари хурдии худ ва ҳамсоягонашро фиристодааст.

Террористон дар кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Ю.Фучики пойтахт манзил ба иҷора гирифта, аз ин хонаҳо ду таппончаи Макаров, адабиёти мазмуни ифротгароӣ ва динӣ, дастури содир намудани амалҳои террористӣ, сарулибоси ҳарбӣ ва таҷҳизоти тарканда дарёфт намуданд.

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ 69 ҷинояти марбут ба терроризмро ошкор намуда, 35 нафар террористонро безарар гардонид.