Қатораи хатсайри Маскав – Душанбе, ки дар қаламрави Русия мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ба истгоҳи роҳи оҳани пойтахт баргашт.
Миёни мусофирон шахсони осебдида аз ин ҳодиса набуданд. Аксари мусофирон сухан гуфтан дар бораи ин ҳодисаро рад намуда, зикр карданд, ки бидуни мушкилие ба Душанбе расидаанд.
Ба саволи журналистон дар бораи шикаста будани тирезаҳои чанде аз вагонҳо онҳо ҳамоно изҳор мекарданд, ки дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳеҷ ҳодисае рух надодааст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбалади қатора Ҳасан Мираков дар ин робита изҳор намуд, ки шомгоҳон дар назди истгоҳи «Терновка» ба қатора, ки бо суръати 80 км дар як соат ҳаракат дошт, шахсони номаълум санг партофтаанд, ки тиреза шикастааст.
«Чунин ҳодиса бори аввал рух медиҳад ва чунин ба назар мерасад, ки ин тасодфан ба вуқӯъ пайваст. Ба гумонам шахсоне, ки ба қатора санг партофтанд, сархуш буданд, зеро аз тӯй баромада буданд», - иброз дошт ӯ.
Вақте журналистон ба Мираков хабар доданд, ки бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳамла зимни таваққуфи қатора дар истгоҳ рух додааст, ӯ изҳор намуд, ки «аз маълумоти сафорат хабар надорад ва чизи бо чашмонаш дидаро ҳикоят мекунад».
Ба қавли роҳбалад, дар истгоҳи дигар пулиси нақлиёт қатораро аз назар гузаронида, дар бораи зиёни расида бо роҳбаладон суҳбат кардааст.
Ҳарчанд роҳбалад мегӯяд, ки ба сӯи қатора танҳо як санг партофта шуда буд, зимни аз назар гузаронидани қатора мо мушоҳида намудем, ки аз вагони 1 то 7-ум осори «ҳамлаи сангӣ» аён аст, шишаи баъзе тирезаҳо кафида ё харошида шудаанд. Дар тамбури ду вагон бошад, онҳо умуман мавҷуд нестанд ва ба ҷойи онҳо картон гузошта шудааст.
Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумот дод, ки шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Дар маълумот зикр гардида буд, ки ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.
Худи ҳамон рӯз дар ин робита сафорати Тоҷикистон тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Русия муроҷиат намуда, тафтиши мӯшикофонаи ин падидаи қавмгароӣ ва ҷуброни зарари моддии расида ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дархост кард.
Рӯзи 30-юми октябр намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бар ин назар аст, ки дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябр рухдода ба қатораи самти Маскав-Душанбе дар қаламрави Русия набояд ангезаи сиёсӣ дода шавад.
Дар навбати худ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия то ҳол ба нотаи сафорати Тоҷикистон, ки дар он таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба қатораи самти Маскав – Душанбе дархост мешавад, посух нагуфтааст .
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста