Имрӯз бо иштироки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бинои нави дуошёнаи комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар бинои нави комиссариати ҳарбӣ барои ҷамъшавии сарбозон ва афсарони эҳтиётӣ, ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. «Сохтмони биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ мувофиқи нақша ба ҷойи биноҳои аз замони шӯравӣ боқимонда идома дорад», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Маҳмадалиев, ахиран дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ – 2, навоҳии тобеи марказ – 7 ва вилоятҳои Суғду Хатлон – 3-тогӣ биноҳои нави комисариатҳои ҳарбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

«Соли ҷорӣ барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии биноҳои таъинооти мудофиавӣ аз буҷети давлатӣ беш аз 135 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар ноҳияи Дарвоз бинои нави нерӯҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба истифода дода шуд.