Шоми рӯзи 11-уми ноябри соли равон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Брюссел директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров дар ҷаласаи навбатии ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухаронӣ кард. Дар ҷаласа намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев низ ширкат варзид.
Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, роҳбари агентии зиддинашъаовари кишвар таъкид сохт, ки мушкилоти истеҳсоли нашъа дар Афғонистон ин мушкилоти душвор ва бисёрпаҳлӯ на танҳо барои Афғонистон ва ҳамсоягони он, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки барои ҳалли он як қатор чораҳои фавқулода лозиманд, ки амалҳои муштараки ҳамоҳангшудаи тамоми кишварҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалии бонуфузро дар бар мегиранд. Р.Назаров қайд кард, ки Тоҷикистон дар хатсайри шимолии транзити нашъа кишвари калидӣ аст ва ба пешгирии қочоқи он тавассути омодасозии кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Афғонистон саҳми назаррас мегузорад.
Директори Агентӣ аъзои ҳайатро дар бораи ташаббуси навбатии зиддинашъаовари Тоҷикистон ҷиҳати 29 ноябр дар ш.Душанбе баргузор намудани вохӯрии ғайрирасмии вазирон ва роҳбарони идораҳои зиддинашъовари Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Россия, Хитой, ИМА, Туркия, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои муҳокимаи вазъи мубориза алайҳи маводи мухаддир дар минтақа, пешгӯии он барои соли 2014 ва ҳамоҳангсозии чораҳо оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии нашъа иттилоъ дод.
Аъзоёни ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҳисобот дар бораи вазъи мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон дар соли 2012, инчунин мақсаду вазифаҳои Стратегияи миллӣ оид ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 шинос шуданд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста