Ҳамаи панҷ гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи рӯзи ҷумъа баста боқӣ монданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, аз панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистон се гузаргоҳ дар марз бо вилояти Суғд, 1 гузаргоҳ дар ағбаи Қизил-Арт дар Мурғоб ва гузаргоҳи «Қарамик» дар марзи вилояти Ӯш бо ноҳияҳои водии Рашти Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ки дутоашон мақоми дуҷониба ва сетоашон мақомои бисёрҷониба доранд.
Ба иттилои манбаъ, равуо тариқи онҳо ҳанӯз 11-уми январ пас аз сар задани муноқиша дар марз манъ гардида буд.
Дар идома манбаъ зикр кард, ки дар вохӯрии рӯзи 13-уми январи намояндагони ҳукуматҳои кишварҳо дар Ботканд Тоҷикистон ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳоро дархост намуда, ҳамчунин аз Қирғизистон рӯзҳои 24 ё 25-уми январ баргузор намудани ҷаласаи навбатии комисссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар сатҳи муовинони нахутсвазир – Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитовро хоҳиш кардааст.
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз як сокини деҳаи Ҳоҷӣ Аълои шаҳри Исфара ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имрӯз вазъ дар марз орому амн буда, «намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонон аҳолии маҳаллиро ба оромӣ даъват мекунанд».
Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қиғизистон низ иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 16-уми январ вазъ дар марз ором буда, тибқи протоколи қабулшуда дар вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 15-уми январ, комиссияи муштарак ба кор дар марз оғоз намудааст.
Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев рӯзи панҷшанбе изҳор намудааст, ки «то комилан ҳаллу фасл шудани масъала», марз баста боқӣ мемонад. «Айни замон тамоми гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қирғизистон ҳамоно баста боқӣ мемонанд ва ин барои таъмини амнияти шаҳрвандон зарур аст», - гуфтааст ӯ.
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши ориф аз кашиш”
Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2025
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста