Бо мақсади муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои пешбурди назорати гумрукию сарҳадӣ, дар доираи барномаи модернизатсияи гумрук ва рушди инфрасохтори гумрукӣ дидбонгоҳи «Қулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Бадахшон бо таҷҳизоти алтернативии таъминкунандаи барқ, аз ҷумла, бо панелҳои офтобӣ ва генераторҳои бодӣ таҷҳизонида шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, насб кардани ин таҷҳизот имкон додааст, ки дидбонгоҳи мазкур бо барқи доимӣ таъмин карда шуда, гумрукчиён фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
«Инчунин таҷҳизоти мазкур барои декларатсиякунии электронӣ аҳамияти муҳим дошта, ҳам кори соҳибкорон ва ҳам кори нозирони назораткунандаро осон менамояд ва вақтро сарфа мекунад», - омадааст дар иттилои маркази матбуоти Хадамот.
Ёдрас мекунем, ки дидбонгоҳи «Қулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ аз соли 2005 инҷониб фаъолият дошта, дар баландии ҳудуди 4,5 ҳазор м5етр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Давоми ҳафт соли аввал ин дидбонгоҳ танҳо аз моҳи май то моҳи ноябр фаъолият мекард. Аз соли 2007 дидбонгоҳи «Қулма» доимоамалкунанда аст.
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши ориф аз кашиш”
Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2025
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста