Дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург аз қочоқи лавозимоти ҷангӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати ВКД Русия дар нақлиёт, ахири ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии бағочи сафарии мусофири хатсайри «Санкт-Петербург-Душанбе», шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон аз он 50 адад тири қутри 5,6 мм барои як қатор милтиқҳо ва дигар навъи чунин аслиҳаи оташфишон дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, тирҳо дар яке аз бозорҳои шаҳри Санкт-Петербург аз марди ношиносе харида шуда, ҳамаашон коршоям мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон тамоми ҳолатҳои қазияи мазкур таҳқиқ мешаванд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбати шаҳрванди Тоҷикистон чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан амалӣ шудааст.