Дар Исфара имрӯз бо иштироки муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ба сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки ҷамоати Тоҷикистонро аз ҷазирақаламрав берун меорад, ҳусни оғоз бахшида шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар маросими оғози бунёди роҳи нави мошингарди Исфара – Ворух (бидуни убури деҳаи Оқсойи Қирғизистон) ҳамчунин ёвари президенти ҶТ оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсоя ва шахсони бонуфузу рӯзгордида аз ҳарду ҷониб низ ҳузур доштанд.

«Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон низ сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой (бидуни убури деҳаи Тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро низ шурӯъ кард», - иброз дошт манбаъ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмони роҳҳо ба муноқишаҳои доимӣ дар марзи ҳарду кишвар хотима хоҳад бахшид.