Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов охири моҳи июн ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Тайи қариб 20 соли охир ин аввалин сафари вазири корҳои дохилии кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон аст.

Дар ҷараёни сафар вазири корҳои дохилии кишвари ҳамсоя дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ ширкат хоҳад варзид, ки рӯзҳои 27-29 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Абдусалом Азизов ҳамчунин бо раҳбарияти ВКД ва мансабдорони баландпояи сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид мекунад.

Қобили зикр аст, ки бори охир вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Зокир Алматов 19 сол пеш ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Тайи 20 соли ахир мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ягон амалиёти муштарак нагузаронидаанд.

Абдусалом Азизов моҳи январи соли равон вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон таъин шуд. Қаблан ӯ дар вазифаҳои муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, роҳбари Сарраёсати умури дохилии шаҳри Тошканд кор карда, соли 2006 ногаҳон роҳбарии ширкати «Ӯзбекнефтегаз»-ро ба уҳда гирифт. Солҳои охир Азизов ба ҳайси сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах ифои вазифа мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.