Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сардорони шуъбаҳои шаҳр ва ноҳияҳо, ҳамчунин воҳидҳои КҲФ дар вилоят машварати фаврӣ доир намуд.

Тавре котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфова хабар дод, дар машварат масоили омодагии нерӯ ва воситаҳои Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба мавсими тирамоҳу зимистон, баргузории чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷиҳати пешгирии обхезиҳои баҳорӣ баррасӣ шуданд.

Худи ҳамин рӯз аз ҷониби Агентии Оғо Хон оид ба Ҳабибат ба Раёсати Кумитаи КҲФ дар ВМКБ ду автомашинаи навъи “Нива” тақдим карда шуд.

Ин воситаи нақлиёт барои шуъбаҳои КҲФ дар ноҳияҳои Шуғнону Мурғоб пешбинӣ шуда, ба беҳбуди имконоти техникии онҳо мусоидат мекунад. Кумаки мазкур дар доираи лоиҳаи “ДИПЕКО-10” сурат гирифт.


Раиси Кумита ба шарикони байнулмилалӣ барои кумак миннатдорӣ изҳор намуда, зимнан зикр кард, ки ҳамкорӣ байни КҲФ ва чомеаи байнулмилалӣ пеш аз ҳама баҳри кумаки саривақтӣ ба аҳолии осебдида нигаронида шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.