Дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, гуфтушунидҳои серӯзаи ҳайати кишварҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов дар мавриди қазияи дар сарҳад рухдода ба итмом расиданд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани сарҳадбононро дастоварди асосии гуфтушунидҳо номид.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо муовинони сарвазир бо сокинони Ворух вохӯрда, ба онҳо ваъда доданд, ки рафти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшударо назорат хоҳанд кард.

Asia-Plus

Азим Иброҳим ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки мунтазам аз ҷамоати Ворух боздид намуда, ҷараёни иҷрои тавофуқҳои бадастомадаро дар гуфтушунид пайгирӣ намояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.