Бо вуҷуди баргузории гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ, омодагии ҳар ду кишвар ба ҳалли мушкилот дар сарҳад ва хотима бахшидан ба низоъҳо, боз ҳам дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо рух медиҳанд. Баъзан задухӯрдҳои мусаллаҳона низ ба амал меоянд, ки дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб одамон ҳалок мешаванд.
Дар натиҷаи низои шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон боз панҷ хизматчии ҳарбӣ ва занону ду нафар кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.
Бо ишораи “нуқтаҳои даргир” дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи сабабу низоъҳои охир мо харитаи интерактивӣ таҳия кардем. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ қайд шудаанд.
“Нуқтаҳои даргир” бо тасвири алангаи оташ, постгоҳҳои назоратӣ бо аломати Stop нишон дода шудаанд (барои хондани шарҳ ба рӯйи тасвир пахш кунед).
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста