Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Ботканд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо баргузор шуд.
Дар ҷаласа таҳти раёсати сарвазирони кишварҳо Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ивази мутақобилаи 23 гектар замин дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад созиш ҳосил шуд.
“Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ба ҳалли баҳсҳои тӯлонӣ дар мавриди қитъаҳои сарҳад оғоз бахшида шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъи наздик ба ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо.
Ба гуфтаи манбаъ, нисфи қаламрави барои иваз пешбинишуда ба Тоҷикистон ва нисфи дигари боқимондааш ба Қирғизистон тааллуқ дорад.
Дар бораи ивази маҳз кадом қитъаҳо дар қаламрави давлатҳо маълумоти мушаххас пешниҳод нагардид.
Дар гуфтушуниди Ботканд ҷонибҳо дар бораи ҳамкории минбаъда оид ба масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо протокол ба имзо расониданд. Вохӯрии навбатии муовинони сарвазирони кишварҳо оид ба ин масъала охири моҳи марти соли ҷорӣ доир мегардад.
Дар Ботканд ҳамчунин Нақшаи ҳамкории байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар соли ҷорӣ имзо шуд. Дар нақша рушди робитаҳои мутақобилаи чонибҳо дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг ва маориф, инчунин ҳамкориҳои наздимарзӣ пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






“Нарх боло меравад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста