Аз маълумоти донишгоҳи Ҷон Хопкинс бармеояд, ки дар саросари дунё зиёда аз 198 ҳазор нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумор 81 ҳазору 950 нафар муолиҷаву шифо ёфта, 7 ҳазору 948 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Тавре Медуза менависад, шоми рӯзи 17 март Черногория дар бораи ду ҳолати аввалини сироятёбӣ хабар дод. Вирус дар шахсоне, ки аз ИМА ва Испания омадаанд, ошкор шудааст. То ин дам Черногория кишвари охирин дар Аврупо дониста мешуд, ки аз сироят эмин монда буд.

Дар ҳамаи 50 штати ИМА коронавирус ошкор шудааст. Минтақаи охирине, ки дар он SARS-CoV-2 ошкор шуд, Вирҷинияи Ғарбӣ мебошад. Дар ИМА ба сурати умум беш аз 5800 ҳолатҳои сироятёбӣ ошкор шуда, зиёда аз 100 нафар фавтиданд.

Ҳукумати Испания хабар дод, ки тӯли як шабонарӯз боз 182 кас аз коронавирус вафот карда, шумори умумии фавтидагон то ба 491 нафар расид. Испания дуюмин кишваре пас аз Испания мебошад, ки шумори фавтидагон аз ҳама бештар меафзояд. Дар ин кишвар ҳамагӣ 11178 нафар ба сироят мубтало шудаанд. Вазорати тандурустии давлат тасмим гирифтааст, ки наздики 1 млн дона ниқобҳои тиббиро, ки нисфи он аз ҷониби Чин дода шудааст, ба табибон тақсим кунад.

Дар Чин давоми як рӯз боз дар 13 нафар коронавирус ошкор шудааст, ки дар 12 ҳолат шахсони аз дигар кишварҳо ба Чин омада ба беморӣ гирифтор шудаанд. Дар вилояти Хубэй, ки маҳз аз ҳамин ҷо хуруҷи коронавирус оғоз гардид, тӯли як шабонарӯз дар 1 нафар бемориро ошкор кардаанд. Шумори умумии беморон дар кишвар зиёда аз 80894 нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.