Дар қаламрави маркази таълимии ВКД Тоҷикистон дар дараи Роимти шаҳри Варзоб имрӯз, 17 август размоишҳои низомии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД-и ҷумҳурӣ.
Тамринҳои ҳарбӣ то 20 август идома ёфта, ба он воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин сафарбар мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, 16 август дар Душанбе вохӯрии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин таҳти роҳбарии Лю Юнфэн доир гардид.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузаронидани машқҳои дар боло зикршуда оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.