Ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон як миқдор комплекси мушакҳои зиддитонкии “Корнет” интиқол дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад РИА Новости.

“Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо як миқдор комплексҳои мушакҳои зиддитанкии муосири “Корнет” муҷаҳҳаз гардид. Комплексҳои нав дар воҳидҳои артиллерии ҷузъу томҳои Русия истифода мешаванд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, комплекси мушакҳои зиддитанкии “Корнет” барои зарбазанӣ ба техникаи зиреҳпӯш ва ҳадафҳои ҳавоии рақиб, аз ҷумла чархболу дастгоҳҳои парвозии бесарнишин пешбинӣ шудааст.

Роҳнамоии мушак ба ҳадаф тавассути нури лазерӣ сурат мегирад. Масофаи ниҳоии оташфишонӣ 5,5 км ва ҳадди ақалл - 100 метр мебошад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Ба ҳайати он ҷузъу том ва воҳидҳои гуногуни ҳарбӣ шомиланд.

Чанде пеш сарони кишварҳои узви СААД вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намуданд. Кишварҳои узви Созмон аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.