Дар деҳаи наздимарзии Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара шаҳрвандони Қирғизистон як навраси тоҷикро лату кӯб ва чорвояшро бо худ бурдаанд.
Тавре ба “Азия-Плюя” як сокини деҳа бо номи Мақсад хабар дод, ҳодисаи мазкур рӯзи 21 ноябр рух додааст.
“Довудҷони 17-сола чорво мечаронид, лекин тасодуфан як гов ба қалдамраве гузаштааст, ки қирғизҳо онро аз они худашон медонанд. Пас аз ин онҳо наврасро лату кӯб намуда, ӯро ба куштан таҳдид мекунанд. Сипас чор говро бо худ бурдаанд”, - мегӯяд Мақсад.
Ба гуфтаи ӯ, Дорвудҷон “ҳам аз лиҳози равониву ҳам ҷисмонӣ” осеб дидаааст. Зикр шуд, ки баъди ин ҳодиса вазъи солимии модари Довудҷон бад шуда, барои ӯ мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд.
“Агар чорвои қирғизҳо ба қаламрави Тоҷикистон гузарад, сокинони деҳаи Сомониён бидуни ҳеҷ мушкилӣ онро ба соҳибонашон бармегардонанд”, - илова кард Мақсад.
Ҳодисаро ба “Азия-Плюс” роҳбари деҳаи Сомониён Додохон Ҷабборов низ тасдиқ кард.
“Хушбахтона, ҷавон зинда буда, зер муоинаи табибон қраор дорад. Пас аз лату кӯб ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Чорвои рабударо шаҳрвандони Қирғизистон ҳоло барнагардонидаанд”, - иброз дошт Ҷабборов.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, 21 ноябр дар Душанбе дар ҳошияи муколамаи “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбеков доир гардид.
Тавре Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ба масоили ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳар ду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Казакбоев пешниҳод намуд, ки бо ҷалби намояндагони ваколатдори мақомоти прокуратура, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва хадамоти марзбонӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, баҳри ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намудани баҳсҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони таҷрибаи баргузории машваратҳои ҳамоҳангсозии мақомоти ваколатдори ҳар ду кишвар барқарор карда шавад.
Гуфта мешавад, вазирон инчунин масоили сабук кардани равуои дуҷонибаи шаҳрвандон ва ҳамлу нақли бору маҳсулотро баррасӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.