Марзбонони қирғиз шаби 22 ба 23-уми декабр ба хонаи як сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара тир холӣ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара расман ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд, хонаи Муҳаммадҷон Довудов, соати 22:00-и шаб мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.
Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давоми рӯз ҳодисаҳои ахири тирпаронӣ дар марзро расман шарҳ медиҳад. Субҳи имрӯз аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло вазъ дар марз, хусусан дар нуқтаҳое, ки ҳодиса сар задааст, муътадил аст.
Дар пайи тирпаронӣ оинаҳои манзили иқоматии ин сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ шикаста, тир то ба хонайи хоб ва деворҳои дигари хона бархӯрдааст.
“Муҳаммадҷон Довудов ин дафъаи чандумин бор аст, ки аз тарафи қирғизҳо азият мебинад ва ба молу амволаш зарар мерасад. Тахминан, ду ҳафта пештар низ якчанд гови ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қирғизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолат масъулон говҳо баргардонида шуда буданд”,-шарҳ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Манбаъ гуфтааст, дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол низ хонаи ин сокини Сомониён аз ҷониби сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон оташ зада шуда, пурра пурра вайрон шуда буд. Баъдан мақомот хонаи ӯро аз нав сохта буданд.
Як рӯз пеш аз ин ҳодисаи тиркушоӣ, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон низ тиркушоӣ шуда буд. Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо расонаҳои қирғиз бо такя ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварашон навиштанд, ки зуҳри 22-уми декабр се марзбони тоҷик ба сӯйи мошини «КамАЗ» дар роҳи «Мақсат-Жаштык» тир холӣ кардаанд.
Деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Ин расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, дар пайи тиркушоии марзбонони тоҷик Бектемир Муталиев як ронандаи 47-солаи мошини обкаш захмӣ шудааст.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, тибқи маълумоти пешакӣ ронанда мошини обкашони «КамАЗ»-ро дар шоҳроҳи «Мақсат-Жаштык» идора мекард ва бо мақсади обгирӣ ба ҷӯйборе мерафт. Гуфта мешавад гӯё се низомии тоҷик дар ин вақт ба назди ин ронанда омада ба мошинаш савор мешаванд ва кӯшиши ба марзи Тоҷикистон гузаронидани ин шаҳрванди Қирғизистонро кардаанд.
Қаблан расонаҳои қирғиз иттилоъ дода буд, ки дар пайи ин тиркушоӣ дар назар аст мақомоти ду ҷониби марзи ноҳияи Лайлак бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтушунид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъди чанд соат ва шаби ин ҳодиса марзбонони қирғиз ба хонаи сокини деҳаи Сомониён чанд тир холӣ кардаанд.
Расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, ки пар пайи ҳодисаи дирӯза нафарони масъули марзбони ҳар ду тараф мулоқот карда, ҳодисаро баррасӣ кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста