Рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳории хизмати ҳарбӣ оғоз шуд. Ҳарчанд Вазорати дифои кишвар бо гузашти 10 рӯз аз иҷрои 40 дарсади нақшаи даъвати баҳорӣ хабар дод, вале дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти иҷбории ҷавонон аз сӯи нафарони ношинос паҳн мешавад, ки корбарон онро ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ё ба истилоҳ “облава” меноманд. Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд ва мегӯянд, ин наворҳо ба “облава” рабт надорад. Вале ҳомиёни ҳуқуқ назари баръакс доранд.
Дар даъвати баҳории имсола дар мавриди сарбозшикор ё худ “облава” нахуст рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ бо нашри як навор хабар дод. Ӯ дар навор, ки гуфта мешуд, дар назди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн шаҳри Душанбе сабт шудааст, мегуфт, як донишҷӯйро ҳангоми дарс шахсони ношинос ба мошине, ки рақами қайди давлатӣ надошт, бор карда, ба ҷои номаълум бурданд. Дар навор, яке аз устодони донишкада нақл мекунад, ки онҳоро эҳтимол тариқи “облава” ба артиш бурда бошанд, Ба гуфтаи ӯ, давоми чанд рӯзи охир ин аллакай ҳодисаи дуввум аст.
Ҳамин тариқ, ба ғайр аз ин ҳолат, давоми як ҳафтаи охир дастикам чор навори дигари ба гуфтаи корбарон “облава” дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нашр шуд. Аз ҷумла, рӯзи 10 апрел рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи “Инстаграм” навореро нашр намуд, ки ба гуфта ӯ, “облава” ва куфтани ҷавоне буд, ки аллакай хизмати ҳарбиро адо кардааст”. Дар навор дида мешавад, ки чанд нафар бо либоси мулкӣ як ҷавонро иҷборан ба мошин бор мекунанд.
Ҳамин тариқ, рӯзноманигори маҳаллӣ Орзуи Карим низ дар саҳифиа “Инстаграм” навореро кошт ки аз он “аблава” дар Душанбе” ном бурдааст. Дар навор дида мешавад, ки як ҷавон зоҳиран дар дохили Комисариати ҳарбӣ, ки дар дохили он шахсони бо либоси ҳарбӣ дида мешавад, ӯро намегузоранд, ки аз ҳуҷра берун шавад. Дида мешавад, ки ҷавон дар дохили ҳуҷра асту берун аз тиреза дасташро зане медорад. Корбарон дар шарҳи навор навиштаанд, ки ин ҳодиса дар шаҳри Сарбанд (Леваканд) рух додааст.
ВКД чӣ мегӯяд?
Навори дигари лаҳзаи боздошти ҷавоне аз сӯи афроди ношинос дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки муаллифон онро низ "облава" шарҳ доданд. Вале мақомот ин наворро шарҳ доанд ва гуфтанд, ки навор ба облава дахл надорад ва лаҳзаи боздошти ҷавоне аст, ки дар ҷустҷӯй буд.
Дар ин навор, ки санаи сабташ маълум нест, ду нафар, бо либоси мулкӣ, талош мекунанд, ҷавонеро ба мошин савор кунанд. Ҷавон пофишорӣ дорад, ки хидмат кардааст. Навор, зоҳиран, дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сабт шудааст ва ин ҷавон дар даст борхалтаи сафарӣ дорад.
Ду рӯз пас, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар вокуниши расмӣ гуфт, ки ин навор муноқишаи ҷавонон дар фурудгоҳ буда, ба «облава» рабт надорад
Ин ниҳод гуфт, ки ҷавоне, ки гуё мавриди «облава» қарор гирифтааст, шаҳрванд Исмон Назаралиев сокини ноҳияи Восеъ, ки солҳои 2017-2018 дар қисми ҳарбии 13483 адои хизмат намудааст. Ва нисбати Назаралиев Исмон бо моддаи 241 қисми 3 банби «б» (Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ) аз 10-уми январи соли 2022 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар сабаби ба тафтишот ҳозир нагардидан аз санаи 19-уми феврали соли 2022 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудааст.
Ин ниҳод ду нафареро, ки мехостанд ӯро дастгир кунанд, Саидов Бежан ва Фаридун Ҳалимзода будаанд, ки “бо мақсади қасосгирӣ бо дастгиршуда муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш намудааст, ки бо мушоҳидаи чунин наворҳо ба ҳар гуна хабару овозаҳои носаҳеҳ эътимод накунанд ва ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳи мақомотро дар бори боздошти ин ҷавон машкук унвон карда гуфтаанд: “Машкук ба назар мерасад, дар як нафас ҷинояткор эълон шуд? Аблава буд. Се моҳ дар ватан нав дастгир шуд?”.
Як соли қабл ҳам, РВКД дар шаҳри Душанбе навори боздошти як ҷавонро аз сӯи шахсони ношинос, ки гуфта мешуд “облава” аст, рад карда, гуфта буд, ки “ӯ ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба гумони узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ манъшуда дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) мавриди пайгард эълон шудааст”.
Вазорати дифоъ: “Ин паст задани шаъни артиш аст”
Масъулуни Вазорати дифоъ низ даст доштани кормандонашонро дар маъракаи сарбозшикор ё облава рад намуда, мегӯянд, дар асоси қонун мақомоти корҳои дохилии кишвар ҳақ доранд ҷавонеро, ки аз артиш саркашӣ мекунанд, иҷборан боздошт ва ба комисариати ҳарбӣ биёранд.
Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фариддун Маҳмадализода дар суҳбат бо “Азия - Плюс” ҷой доштани “облава”- ро дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд рад кард ва гуфт, “танҳо мардумm гуфта истодаанд, ки “облава” аст, вале муайян нест ки вай воқеият дорад ё не. Яъне ин танҳо паст задани шаъни артиш аст”.
Номбурда гуфт имсол дар мавриди ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш муроҷиатҳо набуд.
Ӯ ҳолатҳои ҷалби иҷборӣ ва ё “облава” - ро аз ҷониби кормандони комисариатҳои ҳарбӣ рад кард ва гуфт, масъули ҷалби ҷавонон ба артиш дар асоси фармони президент ҳукуматҳои маҳалӣ, махсусан раисони шаҳру ноҳияҳо ҳастанд.
- Масъалаи “облава”- ро аз раисони шаҳру ноҳияҳо, ки роҳбари комисияи даъвати ҳарбӣ, пурсед. Агар шаҳрванд ҳуқуқи шаҳрвандии худро дарк намуда ба комисияи давъатӣ ҳозир шавад, “облава” аз байн меравад. Комисариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо чор ё панҷ нафар хидматчии ҳарбӣ доранд. Дар як ноҳия қариб 5 ҳазор даъватшаванда аст ва корманди комисариат наметавонад, ки онҳоро иҷборан ба комисариат биёрад. Вазифаи кормандони комисариатҳои ҳарбӣ омода крадани парвандаи даъватшаванд аст, на “облава”, - гуфт Маҳмадализода.
Вале ӯ гуфт, дар қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ қайд шудааст, ки дар сурати саркашӣ намудани ҷавон аз хизмати ҳарбӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадоранд, ки бо тартиби қонунгузорӣ онҳоро ҷустуҷӯй ва боздошт намуда, ба комисариати ҳарбӣ биёранд.
- Қонунгузорӣ ин ҳуқуқро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муқарар намудааст. Вақте ба суроғи даъватшаванда даъватнома фиристода мешаваду ӯ ба комисариат ҳозир намешавад, корманди комисариат рӯйхат ва суроғаи саркашҳоро ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ медиҳад, ки инҳо қобили хизмат ҳастанд, вале ба комисариат ҳозир намешаванд, - афзуд ӯ.
Маҳмадализода гуфт, вақте шаҳрвандон шоҳиди боздошти ҷавонон мешаванд, метавонанд, ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд ва дар ин маврди бояд ВКД изҳороти расмӣ диҳанд, ки чӣ ҳодиса рух додааст.
Дар даъвати ҳарбии тирамоҳи соли гузашта Фариддун Маҳмадализода дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфта буд, ки мавриди ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш муроҷиатҳо буд, вале маълум гардид, ки ҳамаи онҳо ба нофаҳмиҳо ба тарҳи қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ, ки моҳи январ ворид шуд, рабт дорад.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқдонҳо аз афзоиши мавридҳои "сарбозшикор" изҳори нигаронӣ доранд. Дилрабо Самадова, раҳбари "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" афзуда буд, ки дар даъвати тирамоҳӣ тақрибан ҳар рӯз дар ин бора шикоят мегиранд. "агар соли гузашта (2020) зиёда аз 300 нафар аз поймол шудани ҳуқуқашон дар вақти даъват шикоят карда буданд, имсол (2021) ин омор қариб ба 1000 нафар расид."
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.