Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки аз соли 1995 то 2013 дар ин маснад кор кардааст, зимни як суҳбати худ дар «Военной приемки»-и телевизиони “Звезда” гуфтааст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико (Аз Афғонистон дар назар аст. -идора) вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон на танҳо беҳтар намешавад, балки бадтар мешавад.
“Пас аз тарки Афғонистон кардани ИМА, ин барои мо мушкили ҷиддӣ аст. Ба ҳар ҳол, мо бо Афғонистон 1400 километр марз дорем. Дар он ҷо на танҳо маводи мухаддир, балки дигар мушкилот ҳам ҳастанд. Дар сарҳади мо бо Афғонистон амалан рӯзе нест, ки задухӯрд набошад. Хуб, ин бештар байни фурӯшандагони маводи мухаддир ва қочоқчинёни маводи мухаддир аст. Ҳар рӯз. Аз ин рӯ, вазъ дар ин қисмати марз беҳтар намешавад. Ҳар сол бадтар мешавад”, - гуфтааст Шералӣ Хайруллоев.
Гуфтан ба марид аст, ки вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қабл аз тарки ин кишвар намудани нерӯҳои Амрико низ нигаронкунанда арзёбӣ мешуд. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ҳар чанд вақт аз боздошту кушта шудани қочоқчиёни маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ пахш менамуд.
Бо тарки Афғонистон намудани нерӯҳои Амрико ва ғасби қудрат дар ин кишвар аз сӯйи Толибон* вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон боз ҳам мушкилтар гардид. Расонаҳои Афғонистон пайваста аз даргирӣ дар марз хабар медиҳанд ва ҳамчунин, таъкид менамоянд, ки дар ин манотиқ нерӯҳои зиёди Толибон таҷаммуъ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон низ ба такрор аз афзоиши хатар дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва зикр менамоянд, ки дар манотиқи кишвари ҳамсоя гуруҳҳои зиёди террористӣ таҷаммуъ кардаанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти кишвар пайваста ба зарурати тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон таъкид менамояд. Аз ҷумла, Насимҷон Раҷабзода, муовини аввали фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”, дар моҳи декабри соли ҷорӣ, гуфта буд, ки “Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо Афғонистон нест”.
“Аз соли 2013 то имрӯз Тоҷикистон барои тақвияти марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 77 миллион доллар донор дарёфт кардааст, аммо ин кумакҳо кофӣ нестанд ва барои тақвияти бештари марз ёриҳои иловагӣ зарур аст”, - гуфта буд Насимҷон Раҷабзода.
Мавсуф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳо дархост карда буд, ки ба кишвар силоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати манотиқи дур ва дастнораси куҳӣ фиристанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста