Рӯзи 21 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фаромадани тарма ва селҳо ба мушоҳида расид. Танҳо дар қаламрави роҳҳои байни деҳаҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма фаромад.
“Дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боридани барф тармафароиҳо идома доранд. Роҳҳо байни деҳаҳо муваққатан баста аст”, - гуфтанд дар Кумита.
Дар километри 426-уми роҳи мошингарди Дарвоз - Ванҷ - Хоруғ, дар наздикии мавзеи Бедара низ тарма фаромад. Бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза шуда, шомгоҳон ҳаракат тариқи он барқарор карда шуд.
“Дар километри 352-юми ин роҳ, дар қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз селҳо фаромада, лозим омад, ки роҳ баста шавад. Баъди тозакунии роҳ ҳаракат тариқи он тахминан соати 19:00 барқарор шуд”, - хабар доданд дар КҲФ.
Зимнан зикр шуд, ки бар асари фаромадани тарма ва селҳо талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 23 феврал дар қаламрави кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангрезаву ярч боқӣ мемонад.