Президенти Қирғизистон дар бораи ҷараёни ҳалли масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон изҳори назар карда, харитаи соли 1924-ро хотиррасон намуд. Дар бораи кадом харита сухан меравад ва чаро Тоҷикистон ба он исрор меварзад?
Дар мусоҳиба ба нашрияи давлатии “Кабар”-и Қирғизистон президенти ин кишвар Садир Жапаров хабар дод, ки оид ба масъалаи сарҳад “пешравиҳо ҳастанд”, аммо “онҳо хеле суст ҷараён доранд”.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон дар мавриди қитъаҳои алоҳида пешниҳод мекунад, ки масъалаи сарҳад бо харитаи соли 1924 баррасӣ шавад.
“Агар манфиатҳои ҳар ду кишварро ба назар гирем ва ҳар ду давлат дар бораи хатти нави сарҳад ба ҳам мувофиқ бошанд, пас барои кор дар қитъаҳо як моҳ вақт басанда аст. Лекин вақте дар бораи қитъаҳои муайян сухан меравад, ҳамсояҳои мо пешниҳод мекунанд, ки ин масъала бо харитаи соли 1924 ҳаллу фасл шавад. Аз ин рӯ, ҷараёни кор бозмеистад. Лекин пешниҳоди ҳалли масъала аз рӯи харитаи соли 1924 на аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва на аз лиҳози ахлоқӣ дуруст нест. Зеро дар соли 1924 на мо ва на онҳо давлати алоҳида набудем”, - иброз доштааст Жапаров.
Ба гуфтаи ӯ, агар ҳар ду кишвар розӣ шаванд, ки масъала бо харитаи ҳамон сол баррасӣ шавад, пас ба Қирғизистон лозим меояд, ки ҳамаи қитъаҳои сарҳадро бозбинӣ кунад.
“Вақте ки ҳар ду ҷониб розӣ буданду кор тез ҷараён дошт, ман гумон доштам, ки то моҳи май корро ба охир мерасонем. Лекин мутаасифона, ҳоло ба итмом нарасонидаем”, - хабар додааст президент.
Харитаи соли 1924
Дарвоқеъ, дар гуфтушунидҳо бо Қирғизистон Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932 такя карда, бар ин назар аст, ки онҳо аз ҳамаи расмиёт гузаштаанд ва сарҳади давлатиро байни Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ мекунанд.
Дар ин ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷудо кардани қаламрави миллии Осиёи Миёна дар солҳои 1924-1927 ва тасдиқи ниҳоии онҳо сухан меравад.
Тавре ки коршиноси масоили байнулмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо менависад, ба таври дақиқтар, 24-уми ноябри соли 1924 аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади амалӣ сохтани нақшаи тақсимоти миллию маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нав «Кумитаи барҳамдиҳии Осиёи Миёна» (Среднеазиатский ликвидационный комитет) таъсис дода шуд, ки то 17-уми марти 1925 корҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатгузории тақсими ҷумҳуриҳои навтаъсисро анҷом дод.
Дар асоси хулосаҳои ин кумита, 29-уми сентябри соли 1925 Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон, ки дар он давра Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати ин ҷумҳурӣ буд, сарҳади давлатии байни ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Федеративии Русияро, ки дар он давра Қирғизистони имрӯза ҳамчун «Вилояти мухтори Қароқирғиз» ба ҳайати он шомил мешуд, тасдиқ намуд.
Дар айни замон, 9-уми ноябри соли 1925 Президиуми КИМ Умумирусиягӣ сарҳади байни ҶШС Федеративии Русия ва ҶШС Ӯзбекистонро дар ҳамон ҳудудҳои муайяннамудаи кумитаи зикршуда эътироф ва тасдиқ кард. Ҳамин тавр, тақсимоти соли 1924 тамоми расмиёти муқарраршудаи давраи шӯравиро гузашта, расмияту қонунияти зарурӣ пайдо намуд.
Ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1936, Қирғизистон дар ҳамон сарҳадҳое, ки солҳои 1924-1927 ва 1932 тасдиқ шудааст, ташкил дода шуд.
Ворух анклав нест
Бори аввал сарҳад миёни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Ботканд, он замон вилояти автономии Қаро-қирғиз дар ҳайати Федератсияи Россия, бо қарори КМ Партияи коммунистии болшевикон соли 1924 муқаррар гардида буд. Он замон ҷамоати Ворух ҳеч гуна анклав набуд, замин ва роҳи мустақим Ворухро бо қаламрави боқимондаи ноҳияи Исфара мепайвастанд. Илова бар ин, ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ дар қаламрави Қирғизистон анклав (бурунбум) нест. Гузашта аз ин, бештари манотиқи баҳсбарангез дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон то умқи марзҳои феълии Ҷумҳурии Қирғизистон мерасанд.
Мақоми ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои Тоҷикистон
Дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва соли 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати инро коршиноси масоили байнулмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо Дар мақолаи худ таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” тариқи зайл шарҳ медиҳад:
1. .«Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.
2. Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузашта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд.
3. Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.
4. Агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, вазъияти сарҳадҳо ба ҳолати таърихии то барқарори Иттиҳоди Шӯравӣ бармегардад. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад.
Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзӯъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд.
Ба ин тариқ, «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932», ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ ба онҳо таъкид мекунад, танҳо ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки метавон дар масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ байни ин ду давлати ҳамсоя ба он такя намуд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Маҳз ҳамин рақам 23 сентябри соли 2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод.
“Бозӣ бо ҳуҷҷатҳо”-и ҷониби Қирғизистон
Мақсад аз истифодаи ин ибора дар нисбати рафтори намояндагони кишвари ҳамсоя дар он аст, ки мутаассифона, дар тӯли гуфтугӯҳои марзӣ ҷониби Қирғизистон мавқеи худро на танҳо ба масъала, балки ҳамчунин нисбат ба “ҳуҷҷати такягоҳӣ” низ пайваста тағйир медиҳад.
Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо, дар тӯли даҳсолаи охири гуфтушунидҳои дуҷониба, комиссияҳои ҳуқуқӣ ва давлатии ин кишвар вобаста ба манфиати ҷониби худ дар ин ё он қитъаи баҳсӣ ва ё вобаста ба гароиши ҳуқуқию сиёсии роҳбару аъзоёни пайваста навшавандаи комиссия, ба ҳуҷҷатҳои гуногун такя менамояд. Ин мавқеи тағйирёбандаи ҷониби ҳамсояро метавон муносибати интихобӣ ё «бозӣ бо ҳуҷҷатҳо» номид.
Ба сифати далел коршинос чунин мисолҳо меорад:
1. Тибқи матни протоколи №10-и комиссияи муштарак аз 4 феврали соли 2011, гурӯҳи кории ҷониби Қирғизистон зикр намудааст, ки чун Ҷумҳурии Қирғизистон маводи комиссияи дуҷонибаи соли 1989-ро ба таври расмӣ тасдиқ кардааст, он барои Қирғизистон ҳуҷҷати ягона ва асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад. (Маводе, ки аз тарафи давлати Тоҷикистон эътироф ва расмияти давлатӣ наёфта буд).
2. Аммо дар протоколҳои баъдии ҷаласаи гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо (№11 аз 19 ноябри соли 2011 ва №12 аз 11 феврали соли 2012), зикр гардидааст, ки ҷониби Қирғизистон пешниҳод дорад, то ба сифати асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатӣ маводи комиссияи дуҷонибаи солҳои 1958-1959 низ ба инобат гирифта шуда, маводи комиссияи муштараки соли 1989 танҳо дар ҳолати зарурӣ истифода карда шавад.
3. Дар идома, дар протоколи №16 мулоқоти гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз 22 июли соли 2013, ҷониби Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба сифати ҳуҷҷатҳои асосии муайянкунандаи тақсимоти сарҳадӣ Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Эъломияи Алмато аз 21 декабри соли 1991, Эъломияи Москва аз 15 апрели соли 1994, Оинномаи ИДМ ва Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 асос қарор дода шаванд.
4. Дар протоколи муштарак аз 01-уми майи соли 2021 ҷониби Қирғизистон дубора ба мавқеи “асос қарор додани ҳуҷҷатҳои тақисмоти миллию маъмурии солҳо 1924-1927 ва ҳуҷҷатҳои комиссияи муштараки соли 1989” розигӣ додааст.
5. Аммо дар ҷаласаҳои охир дар соли 2022 бошад, ҷониби Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки барои тасвири гузариши хати сарҳади давлатӣ ҳамаи мавод ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда истифода карда шуда, дар ягон протокол ба онҳо истинод оварда нашавад.
Аммо муносибати ҷониби ҳамсоя бо ҳуҷҷатҳо асосан ҳолати интихобӣ ва манфиатӣ дошта, дар сурати тақозои манфиати худ ё иваз шудани роҳбар ва аъзои гурӯҳи кории ин кишвар муносибати онҳо бо ҳар ҳуҷҷат метавонад ба таври усулӣ тағйир ёбад. Муносибати ошкоро дугона бо ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ё масъалаи “сарҳадҳои мавҷуда” дар Созишномаи таъсиси ИДМ намунаи олии ин гуна муносибат бо ҳуҷҷатҳост, ки дар матн ба таври мушаххас шарҳ дода шуданд.
Таърихи муноқиша
Масофаи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. То ин дам беш аз се ду ҳиссаи хатти убури марз аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда - беш аз 400 километр мавриди баҳс қарор доранд.
Гуфтушунидҳо дар бораи таъйину аломатгузории сарҳад аз соли 2002 идома доранд. Ҳалношуда боқӣ мондани ин масъала борҳо ба муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон боис гардидааст.
Муноқишаи ахир моҳи сентябри соли 2022 (14-16 сентябр) рух дод. Он замон маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ботканду Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон мавриди оташкушоӣ аз силоҳу муҳимот қарор гирифтанд.
Дар бораи теъдоди ҳалокшудагон дар муноқишаи ахир маълумоти дақиқ нест, лекин он замон доир ба зиёда аз 100 нафар кушташудагон аз ду ҷониб, даҳҳо захмиён, тахриб шудани хона ва иншооти иҷтимоӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ хабар дода шуда буд.