Дар Тоҷикистон басомад ва шиддатнокии тӯфонҳои чангу ғубор ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд, аммо арзёбии иқтисодии таъсири онҳо ҳанӯз маҳдуд ё дар баъзе ҳолатҳо тамоман вуҷуд надорад.
Тӯфонҳои чангу ғубор оромона сарҳадҳоро убур мекунанд ва ба муҳити зисту ҳаёти садҳо миллион нафар одамон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Тибқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (КМБ, СММ), ҳар сол тақрибан 2 млрд тонна чангу ғубор ба атмосфера мебарояд, ки ба вазни 350 аҳром (пирамида)-и бузурги Гиза баробар аст.
Аммо, ин падидаҳои шиддатноки обуҳаво то ҳол ба таври кофӣ таҳлил нашудаанд.
Тайи чанд даҳсолаи охир дар пайи тағйирот дар истифодаи замин, фарогирии хок ва наботот, инчунин омилҳои тағйирёбандаи иқлим, дар баъзе минтақаҳои хушк шиддат ва басомади тӯфонҳои чангу ғубор зиёд шудааст.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар барои коҳиши оқибатҳои таъсири онҳо чораҳои зарурӣ рӯйи даст гирифта нашаванд, пайомадҳои манфии тӯфонҳои чангу ғубор боз ҳам ҷиддитар хоҳанд шуд.
“Тӯфонҳои чангу ғубор ба тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он марбутанд. Гармшавии глобалӣ ба зиёд шудани хушксолӣ, таназзули хок ва биёбоншавӣ дар баъзе минтақаҳо боис мегардад. Ин равандҳо ба пайдоиши тӯфонҳои нав мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, тағйирёбии иқлим ба афзоиши басомад ва шиддати тӯфонҳо дар бисёр гӯшаҳои ҷаҳон сабаб мешавад”, - мегӯяд Мурод Эргашев, номзади илмҳои кишоварзӣ ва ходими калони илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон.
Аллакай аён аст, ки ин падидаҳо метавонанд рушди иқтисодии кишварҳоро халалдор ва дастёбӣ ба баъзе аз Ҳадафҳои рушди устуворро зери хатар қарор диҳанд.
Нигаронии ҷомеаи ҷаҳон аз мушкили тӯфонҳои чангу ғубор ва дарки зарурати андешидани чораҳои муштарак барои пешгирӣ, пешгӯӣ ва коҳиши таъсири онҳо боис шуд, ки Маҷмаи Умумии СММ Даҳсолаи (солҳои 2025–2034) мубориза бо тӯфонҳои чангу ғуборро эълон кунад.
Зарари иқтисодии танҳо як тӯфони бузург метавонад ба садҳо миллион доллар баробар бошад.
Таъсири бисёрҷонибаи тӯфонҳои чангу ғубор
Тӯфонҳои чангу ғубор аз бисёр офатҳои табиии дигар бо он фарқ мекунанд, ки онҳо одатан зарари ҷиддии сохторӣ намерасонанд. Онҳо инчунин аксар вақт бо фавти одамон ё ҷароҳатҳои вазнин мустақиман алоқаманд нестанд. Аксари таъсирҳои онҳо ба саломатӣ ба вазъи умумии солимии одамон вобаста аст: бад шудани вазъи онҳо, мушкилоти имконпазири биноӣ ва бемориҳои нафаскашӣ ё дилу рагҳо, ки аз олудагии шадиди ҳаво сар мезананд.
Бо вуҷуди ин, зарари умумии чунин тӯфонҳо метавонад назаррас бошад.
Дар минтақаҳое, ки тӯфонҳои чангу ғубор ба амал меоянд, коҳиши ҳосилнокии зироатҳо, нобудшавии чорво ва фарсудашавии қабати ҳосилхези хок ба мушоҳида мерасад.
Дар минтақаҳое, ки таҳти таъсири ин тӯфонҳо қарор мегиранд, сифати ҳаво ва об бад шуда, ҳаракати нақлиёт халалдор мегардад.
Ин падидаҳои обуҳаво инчунин метавонанд ба фаъолияти зерсохтор ва таҷҳизот таъсири манфӣ расонанд, ба таъхир ё маҳдуд шудани хидматрасониҳо боис гардида, таъмини молу маҳсулотро халалдор намоянд.
Тӯфонҳои чангу ғубор ба ҳаёти садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд — аз кишварҳои Африқои воқеъ дар ҷануби Саҳара то шимоли Чин ва Австралия.
Бо вуҷуди ин, шумораи таҳлилҳои иқтисодии таъсири чунин тӯфонҳо хеле маҳдуд аст. Дар Компендиуми СММ оид ба тӯфонҳои чангу ғубор зикр шудааст, ки кӯшишҳои аввалини баҳодиҳии зарари иқтисодӣ ба миёнаҳои солҳои 1980 рост меояд. Он вақт коршиносон кӯшиш карданд, ки хароҷоти берунии тӯфонҳоро барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар иёлати Ню-Мексикои ИМА ҳисоб кунанд.
Ҳозир усулҳои гуногуни баҳодиҳии таъсири иқтисодии ин падидаҳои обуҳаво вуҷуд доранд, ки тааҷҷубовар нест. Таъсири тӯфонҳои чангу ғубор бисёрҷониба ва аксар вақт фаромарзӣ мебошанд.
Масалан, тӯфонҳои Сахара метавонанд чангу ғуборро ба масофаи ҳазорҳо километр аз болои уқёнусҳо интиқол диҳанд ва ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардум дар минтақаҳои Кариб таъсир расонанд. Ё масалан, воридшавии чангу ғубор аз Африқо ба кӯҳҳои Алп дар Аврупо дар моҳи марти соли 2022 яке аз омилҳои талафёбии рекордии пиряхҳо дар он сол буд.
Ҳамзамон паҳлӯҳои мусбӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳоро бахусус бояд ҳангоми таҳияи арзёбиҳои дарозмуддат ба назар гирифт. Моддаҳои ғизоии дар таркиби чангу ғубор интиқолёфта ба ҳосилхезшавии экосистемаҳои баҳрӣ ва континенталӣ мусоидат мекунанд, ки ба кишоварзӣ ва моҳидорӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Аз тӯфонҳои чангу ғубор чӣ қадар зарари иқтисодӣ мерасад: намунаҳои арзёбӣ
Тибқи маълумоти мавҷуда, бинобар зиёдшавии тӯфонҳои чангу ғубор танҳо минтақаи Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ҳар сол тақрибан 13 млрд доллар аз даст медиҳад. Дар шимоли Чин тайи солҳои аз 2010 то 2013 ин тӯфонҳо ба маблағи тақрибан 1 млрд доллар зарари иқтисодӣ расониданд.
Соли 2018 дар Кувейт оид ба таъсири чангу ғубор ба истихроҷи нафту газ таҳлил гузаронида шуд. Зарар 9,36 млн доллар арзёбӣ гардид. Ғайр аз ин, талафоти содироти нафт бинобар баста шудани терминалҳои баҳрӣ барои ҳар як танкер иловатан тақрибан 1,03 млн доллар ҳисоб шуд.
Дар навбати худ, як қатор муҳаққиқон изҳор мекунанд, ки талафоти иқтисодӣ аз тӯфонҳои чангу ғубор дар минтақаи Сиистони Эрон дар давраи чор сол - солҳои 2000-ум то 2005 аз 100 то 124,85 млн долларро ташкил дод, ки асосан бо сабаби зарари ҷисмонӣ ва талаф додани соатҳои кории истеҳсолӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар соли 2013 зарари иқтисодӣ аз як тӯфони шадиди чангу ғубор дар Уэлси Нави Ҷанубӣ (Австралия) 299 млн доллари австралиягӣ арзёбӣ шуд. Қисмати асосии зарар ба хонаводаҳо (85%-и хароҷот) рост омада, боз ду бахши дигар — нақлиёт (асосан парвозҳо) ва фаъолияти тиҷоратӣ низ бештар осеб диданд.
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) тӯфони шадиди чангу ғуборро дар моҳи марти соли 2021 дар шимолу шарқи Осиё мисол меорад. Ин тӯфон 200 ҳазор сар чорворо дар Муғулистон нобуд карда, 121 паноҳгоҳи чорворо тахриб кард, инчунин садҳо парвоз дар фурудгоҳҳои Чин бекор карда шуданд.
ФАО инчунин таъкид мекунад, ки оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ин падидаҳо маъмулан ба онҳое, ки имконоти камтар доранд, ба таври нобаробар сахттар таъсир мерасонанд, аз ҷумла ба кишоварзони хоҷагиашон хурд ва одамоне, ки дар камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд.
Коршиносоне, ки ба таҳлили паёмадҳои иқтисодии тӯфонҳои чангу ғубор машғуланд, розӣ ҳастанд, ки мушкили асосӣ дар муайян кардани манбаъ ва ҷамъоварии маълумоти дахлдор барои таҳлил мебошад, зеро зарар ба омилҳои зиёде вобаста аст.
Онҳо инчунин хотиррасон мекунанд, ки ҳар гуна ҳисобу китобҳои иқтисодӣ тахминӣ хоҳанд буд ва ҳамеша дорои дараҷаи муайяни хато мешаванд.
Зарари тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ қобили ҳисобу китоб нест?
Тақрибан 80% аз 400 миллион гектар замини ин минтақа аз биёбону даштҳо иборат аст. Дар якҷоягӣ бо тағйирёбии иқлим ва хушксолии тӯлонӣ, ин минтақа манбаи табиии тӯфонҳои чангу ғубор маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон истифодаи нодурусти обёрии замин, чаронидани чорво, истихроҷи маъданҳо, буридани ҷангалҳо ва дигар фаъолиятҳои инсонӣ низ ба пайдоиши манбаъҳои антропогении тӯфонҳо мусоидат мекунанд.
Фоҷеаи Баҳри Арал боиси ба вуҷуд омадани 5,5 млн гектар биёбони шӯр шуд. Ин манбаи бузурги тӯфонҳои чангу ғубор дар минтақа мебошад, ки ҳар сол зиёда аз 100 млн тонна чангу ғубор ва намакҳои заҳрнокро паҳн мекунад. Он ба саломатии инсонҳо зарар расонида, ба иттилои баъзе манбаъҳо, ба талафоти иқтисодӣ дар ҳаҷми даҳҳо миллион доллари ИМА дар як сол оварда мерасонад.
Тибқи Стратегияи минтақавии миёнамуҳлат оид ба идораи тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2030, масоҳати умумие, ки дар минтақа зери хатари миёна ва баланди тӯфонҳои чангу ғубор қарор дорад, тақрибан 85 млн гектарро ташкил медиҳад. Қариб 6,5 млн нафар ё худ 9% аҳолии Осиёи Марказӣ дар минтақаи хатари баланди чунин падидаҳо зиндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз таъсир ба солимии аҳолӣ, яке аз паёмадҳои асосии тӯфонҳои чангу ғубор дар минтақа таназзули замин ва коҳиши ҳосилнокии зироатҳост. Масалан, танҳо дар Қазоқистон зарари солонаи талаф додани гумус (қабати ҳосилхези хок) пешакӣ 2,5 млрд доллар арзёбӣ шудааст. Ин ба амнияти озуқаворӣ ва даромади деҳқонон, ки асоси иқтисоди бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад. Чангу ғубори интиқолёфта инчунин ба пиряхҳо таъсир расонида, ба тез гардидани обшавии яхҳо, махсусан дар кӯҳҳои Тиён-Шон ва Помир боис мегардад.
Айни замон ҳеҷ як кишвари минтақа зарари иқтисодии мустақим аз тӯфонҳои чангу ғуборро ҳисоб намекунад. Дар бисёр ҳолатҳо талафоти ҷиддии инсонӣ ё хароҷоти молиявӣ наметавонанд бевосита ба ин падидаҳо нисбат дода шаванд. Дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ низ ягон низоми ҷубронпулӣ, ки ба таъсири тӯфонҳои чангу ғубор алоқаманд бошад, вуҷуд надорад.
Сарфи назар аз афзоиши басомад ва таъсири иқтисодии тӯфонҳо дар минтақа, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз системаҳои пурра фаъолшудаи миллии пешгӯӣ, огоҳии барвақт ва мониторинги ин падидаҳоро надоранд.
Коршиносон зикр мекунанд, ки дар гирифтани маълумоти аввалия барои ин кор минтақа бо мушкилиҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст ва худи равандҳои сабт ва мониторинги ин падидаҳо номуназзам ва тасодуфӣ сурат мегиранд, ки ин ҳисоб кардани зарари иқтисодиро ғайриимкон месозад.
Афзоиши нигарониҳо аз тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар тӯли 30 соли охир шумораи тӯфонҳои чангу ғубор дар кишвар 10 баробар зиёд шудааст. Дар Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030, ҳангоми радабандии хатари иқлимӣ, аз 14 масъалаи асосӣ аз рӯи афзалиятмандӣ, тӯфонҳои чангу ғубор дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Муттахассисони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки ин офатҳои табиӣ ба солимии аҳолӣ ва иқтисод торафт бештар таъсир мерасонанд, аммо то ҳол андозаи дақиқи ин таъсирҳо пурра муайян нашудааст.
Тибқи маълумоти Нақшаи миллии амалҳо оид ба пешгирӣ ва сабуксозии таъсири тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030, «таҳлилҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки зарар аз ин тӯфонҳо дар Стратегия ба 450 ҳазор доллар дар як сол баробар аст».
Аммо Мирзо Саидов, коршиноси пешбари миллӣ ва профессори кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултаи геологияи ДМТ, изҳор дошт, ки дар нашри охирини ҳуҷҷат хатогь рафта, сухан дар бораи 45 ҳазор доллар меравад.
Дар ҳамин ҳол, мо дар мавриди ба кадом омилҳо асос ёфтани ин арзёбӣ маълумот дастрас карда натавонистем.
Бо вуҷуди ин, тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ - аз таназзули сифати хок то зарари зироатҳо - хатари ҷиддӣ доранд. Дар ҳамин ҳол, ин соҳа манбаи шуғл ва воситаи зиндагии қисми зиёди аҳолии кишвар, инчунин бештар осебпазир ба тағйирёбии иқлим боқӣ мемонад.
Тӯфонҳои зуд-зуд такрорёбандаи чангу ғубор инчунин сифати ҳаворо бад мекунанд. Чангу ғуборе, ки шамол мебардорад, манбаи муҳими заррачаҳои хурди PM2.5 дар ҳаво мебошад, ки ба афзоиши бемориҳои нафаскашӣ ва аллергия боис гардида, ба низоми тандурустӣ фишори иловагӣ меорад.
Боз як таъсири дигари ин тӯфонҳо, ки боиси ташвиш гаштааст, таназзули пиряхҳо мебошад. Ҳарчанд ҳиссаи оби пиряхҳо дар маҷрои солонаи дарёҳои бузург танҳо 10-20%-ро ташкил медиҳад, нақши он барои обёрӣ хеле муҳим аст. 80%-и оби пиряхҳои Тоҷикистон тариқи дарёҳои Зарафшон, Амударё ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад.
«Обшавии пайваста ва ақиб рафтани пиряхҳо, ки ба тағйирёбии иқлим марбутанд, нигаронии махсусро ба бор меорад, зеро пиряхҳо ва захираҳои барфӣ манбаъҳои асосии обёрӣ дар ҷумҳурӣ мебошанд. Интиқоли ҳаҷми зиёди чангу ғубори намакдор аз минтақаи баҳри Арал низ ба ҳаракати баъзе пиряхҳо таъсир мерасонад», — таъкид мекунад Мурод Эргашев.
Дар ҷумҳурӣ чунин таҳқиқот гузаронида нашудааст
Бояд эътироф кард, ки Тоҷикистон дар идоракунӣ ва пешгирии тӯфонҳои чангу ғубор таҷрибаи зиёд надорад. Бо вуҷуди аҳаммияти таҳқиқот оид ба ин падидаҳо дар кишвар, корҳо дар ин самт хеле маҳдуданд.
Норасоии мутахассисони варзида ва имконоти нокофии илмиву техникӣ ба мушоҳида мерасад.
«То имрӯз дар Тоҷикистон доир ба муайян кардани хатару таҳдидҳои тӯфонҳои чангу ғубор, аз ҷумла марбут ба тағйирёбии иқлим, таҳқиқоти махсусе гузаронида нашудааст. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ то ҳол методологияи баҳисобгирии ин падидаҳо ҳамчун яке аз намудҳои офатҳои табиӣ таҳия нашудааст. Маълумоти лозима дар бораи хатарҳои мустақими ин офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ вуҷуд надорад», — мегӯяд Мурод Эргашев.
Мирзо Саидов низ аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунад.
«Дар ҷараёни таҳияи Нақшаи миллӣ (оид ба пешгирӣ ва сабуксозии таъсири тӯфонҳои чангу ғубор) мо бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ шудем. Бисёр маълумотҳо аслан вуҷуд надоранд. Масалан, харита ва санади муайян кардани минтақаҳои хатарноки таъсири тӯфонҳои чангу ғубор нест, оқибатҳои манфии ин тӯфонҳо ва таъсири онҳо ба вазъи солимии мардум ва дигар бахшҳои иқтисод омӯхта нашудаанд ва механизми арзёбии зарар вуҷуд надорад», — изҳор мекунад ӯ.
Арзёбиҳои иқтисодӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли самаранок
Арзёбии пурраи зарари иқтисодӣ аз тӯфонҳои чангу ғубор душвор аст, зеро онҳо ба бахшҳои зиёди иқтисод ва ҳаёти ҷомеаҳои мукаммал таъсир мерасонанд.
Бо вуҷуди ин, арзёбии иқтисодии оқибатҳои ин падидаҳо имкон медиҳад, ки миқёси зарар дақиқтар муайян шуда, зарурати сармоягузорӣ ба чораҳои сабуксозӣ асоснок гардад. Ин таҳқиқот метавонанд бахшҳои осебпазири иқтисодро муайян ва роҳҳои мутобиқшавӣ ва пешгириро пешниҳод намоянд.
Мирзо Саидов бар ин назар аст, ки барои беҳтар кардани вазъият бояд ба омода кардани кадрҳо, густариш ва навсозии шабакаи метеорологии назорат, инчунин тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Ба гуфтаи ӯ, «ин чораҳо метавонанд ба пешрафтҳои назаррас дар пешгирӣ, омодагӣ ва пешгӯии тӯфонҳои чангу ва ғубор дар Тоҷикистон мусоидат кунанд».
Дарки таъсири комили тӯфонҳои чангу ғубор ба иқтисод ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, ки захираҳоро самараноктар тақсим кунанд ва стратегияҳои коҳиши хатарҳо ва ҳифзи аҳолиро таҳия намоянд. Дар ниҳояти кор, ин тадбирҳо ба рушди устувори кишвар мусоидат мекунанд.