Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» - | Ояндаи наздик дар қарибии бозори «Саховат» истгоҳҳои зеризаминӣ барои нақлиёт сохта мешаванд, ки интизор аст ҳаракати мошинҳоро дар ин ноҳия сабуктар кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ феълан ноҳияи мазкур барои таъсиси чунин истгоҳҳо ниёзи бештаре дорад.
«Аз сабаби нарасидани истгоҳҳо барои нақлиёт дар ин минтақаи шаҳр, мушкили дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёд ба мушоҳида мерасад,- илова намуд директори агентӣ. –Шояд барои ҳали ин мушкил масъалаи таъсиси истгоҳҳои зеризаминӣ баррасӣ шавад».
Мушкили мазкур дар дигар бозори шаҳр - «Корвон» низ мушоҳида мешуд, аммо он бо кушодани роҳҳои даврӣ ҳали худро ёфт.
Инчунин Абдувалӣ Комилов афзуд, ки корҳои тахрибии бозори «Баракат» идома доранд.Сохтмончиён дар тахриби бозор аз эҳтиёт кор мегиранд то маводи сохтмонии он барои бунёди бозори нав қобили истифодабарӣ бошад.
«Агентии сохтмон ва меъморӣ ният дорад бозори нав дар ноҳияи Зарафшон, яке аз ноҳияҳои бузурги канори шаҳр , бунёд кунад» изҳор дошт Комилов.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста