Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар ҷануби Тоҷикистон фаъолияти ибодатгоҳи маҳалии масеҳиён аз сабаби расман сабти ном нашудани он манъ карда шуд.
Дар ин бора оҷонсии ИТАР ТАСС бо такя ба изҳороти муовини раиси ноҳияи Ҷалолоддин Румӣ Дилбар Норматова, хабар медиҳад. Дилбар Норматова иброз дошт, ки «қарори маъмурият ягон заминаи мазҳабӣ надорад.
Сухан дар мавриди нақзи қонунгузории ҷории кишвар меравад,ки фаъолияти созмонҳои динӣ ва иҷтимоиро бидуни қайд манъ мекунад».
Ба ин минвол муовини раиси ноҳия хабари дар баъзе ВАО нашр шуда, дар хусус баста шудани ибодатгоҳи православӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон дар арафаи иди Пок (Пасха), рад кард.
Бар тибқи маълумоти Дилбар Норматова ибодатгоҳи баптистӣ ба таври пинҳонӣ аз соли 2006 фаъолият дорад.
Ба иттилои Кумитаи кор бо дини ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон фаъоляти ғайриқонунии беш аз 10 созмони динӣ баста шудаанд. Аз ҷумла колисои протестантии Шоҳидони Иегова, ягона ибодатгоҳи яҳудиён дар кишвар ва як қатор муассисаҳои динии дигар.
Дар Тоҷикистон, ки 98% аҳолии он пайрави дини исломанд панҷ ибодатгоҳи бузурги православӣ, ду колисо ва якчанд ибодатгоҳи протестантӣ фаъолият доранд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста