Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» - | Имруз аз фоҷиаи Чернобил - бузургтарин садамаи асри XX, 25 сол сипарӣ гашт. Ин руз дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил рӯзи ёдбуди қурбониёни садамаи радиоактивӣ эълон шудааст.
Дар муроҷиатномаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки бахшида ба 25умин солгарди садама дар Чернобил қабул карда шуд, омадааст, ки мушкилоти марбут ба натоиҷи фоҷиаи Чернобил барои насли оянда ҳам таъсир хоҳад гузошт. Чунин садама қаламрави осебдидаро барои даҳсолаҳо ба макони бӯҳронӣ табдил медиҳад.
«Мо мардонагӣ ва фидокории садҳо ҳазор иштирокдорони амалиёти бартаф кардани натоиҷи садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобилро, аз тамоми давлатҳои собиқ Шӯравӣ, дар ёд дорем. Онҳо саломатӣ ва ҷони худро дар хатар гузошта вазифаи хешро анҷои доданд,- омадааст дар ҳуччат. - Новобаста ба чораҳои андешидашуда, натиҷаи ин садама то ҳанӯз ба ҳаёти сокинони давлатҳои осебдида таъсири манфии худро мегузорад. Зери назорати махсуси духтурон бояд миллионҳо нафар қарор дошта бошанд. Минтақаҳои алоҳида ҳанӯз ҳам ба чораҳои муҳофизатӣ ниёз доранд, ки бидуни он таъмини бехатарии ҳаёти мардуми он ғайри имкон аст».
25 сол пеш дар таърихи 26 апрели соли 1986 фоҷиаи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи атомии Чернобил дар Украина дунёро такон дод. Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти ҷамъияти «Союз-Чернобил» аз Точикистон барои бартараф кардани натоиҷи садама дар нерӯгоҳи барқи атомӣ 2150 нафар ширкат варзиданд. То имруз 170 шаҳрванди Тоҷикистон аз зарари радиактивии Чернобил фавтида, 800 нафар маъюби гурухи якум ва дуввум хастанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста