Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт ба 20 нафар соҳибкороне, ки ба фурӯши гӯшт дар пойтахт машғуланд, аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз ҷудо карда шуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад ба чуз соҳибкорон, ҳамчунин ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба маблағи 2 млн сомнӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бозорҳо ва савдои Душанбе» дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. «Маблағҳои мазкур баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорхои пойтахт нигаронида шуда, тибқи пешбинии мақомоти шахрдорӣ миёнаи ҳафтаи равон нархи гӯшт дар шаҳри Душанбе пурра танзим хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки бо назардошти мониторинги нархгузорӣ дар бозорҳои пойтахт, ахири ҳафтаи гузашта раиси пойтахт тавсия дода буд, ки гӯшти гов бо қимати 23 сомонӣ ва ва гӯшти гӯсфанд бо қимати 24 сомонӣ фурӯхта шавад, вале арзиши он дар бозорҳои пойтахт мутаносибан 27-28 сомониро ташкил медод.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста