Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкориҳои судманд бобати инъикос ва таъмини фазои иттилоотӣ аз навгониҳои шаҳри Душанбе дар воситаҳои ахбори омма изҳори каноатмандӣ намуда, ҷонибдории бемайлони роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо аз воқеиятнигорӣ ва ибрози назарҳои касбӣ дар ҳалли дилхоҳ масъалаҳо, ки бидуни таҳрифи воқеият бо далелҳои раднопазир интишор мешаванд зикр сохта, зимнан ба таваҷҷӯҳи муассисон ва роҳбарони ВАО, ба хусус расонаҳои электронӣ мерасонад, ки вақтҳои охир бо фаъол гардидани саҳифаи «назарҳо» дар сомонаҳо бо сӯистифода аз озодии сухан, мутаассифона фазои иттилоотӣ тавассути ҷой додани андешаҳои баъзе «муштариён»- и ноогоҳи сомонаҳо аз воқеияти масъалаҳо, ки «назарашон» комилан бе асос ва дар заминаи ғаразҳои нопок баҳри тавлиди рӯҳияи нобоварӣ ба фаъолияти банизомдарории вазъи бозори истеъмолӣ дар шаҳр нашр мегарданд таври танзиму тарҳрезишаванда махлут карда мешавад.
Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ВАО ва бештар дар бахши «назарҳо»-и сомонаҳо баёни афкори носолим ифода мегардад, ки он воқеан нигаронкунанда ва ингуна сӯистифода кардан аз озодии баён дар минбари тавлидкунандаи афкори омма назди қонунгузории кишвар бо дарназардошти оқибатҳои таҳрифкории воқеият посухталаб мебошад.
Вобаста аз ҳолати мавҷуда аз тамоми роҳбарони ВАО ва сомонаҳои интернетӣ бо дарки масъулият даъват ба миён меорад, ки бо риоя ва эҳтиром ба озодии баён ба махлутшавии фазои иттилоотӣ роҳ надиҳанд. Ба дилхоҳ «муштарӣ» тавсия медиҳем барои огоҳии саривақтӣ аз фаъолияти Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои андешидаи он аз сомонаи www.dushanbe.tj бештар дидан намоянд.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо ва «муштариён»-и бахши «назарҳо»-и сомонаҳо вобаста ба мавзӯи фарогир мерасонад, ки масъалаи ғановати бозори истеъмолӣ бо роҳҳои алтернативӣ танҳо дар доираи қонун ва бо дарназардошти волоияти он дар ҷомеа, таъсиррасонии пайваста алайҳи болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи истеъмолкунандагон мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад.
Бо ин мақсад то ба имрӯз соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр 20 млн сомонӣ ҳамчун қарзҳои бефоиз тавассути КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ихтисос дода шудааст. Аз маблағҳои мазкур 12 млн сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулотҳои ниёзи аввалияи кишварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои мамлакат ва 4 млн сомонӣ барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт сафарбар карда шудаанд.
Ин тадбирҳо дар натиҷаи таҳлилҳои воқеӣ ва мониторинги ҳамарӯзаи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва арзиши аслии истеҳсол ва интиқоли он ба бозори истеъмолӣ бо риояи талабот ва меъёрҳои фаъолияти озоди иқтисодию тиҷоратӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Аз ин ҷост, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе бо хулоса аз натиҷаи забҳи чорво аз ҷониби комиссияи ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва бойторӣ, Сатторӣ Иззатулло -доктори илмҳои ветеринарӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур баҳри дастгирии сокинон - истеъмолкунадагони шаҳр ташаббуси соҳибкорони ба харид ва фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд фаъолият доштаро оид ба дар марзи маъмурии Душанбе бо нархи 23 сомонӣ ба фурӯш гузоштани гӯшти гов ва 24 сомонӣ гӯшти гӯсфанд ҷонибдорӣ намудааст.
Зеро забҳи ҷамъиятии чорво бо назардошти ҳамаи масрафот нишон дод, ки истеҳсоли аслии 1 кг гӯшти гов барои соҳибкори бо парвариши чорво машғулбуда воқеан 19,5-20,0 сомонӣ ва барои соҳибкори аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба Душанбе харида интиқолдиҳанда 21,5 сомониро ташкил медиҳад.
Дастгирии мазкур дуҷониба буда, ба ҳеҷ ваҷҳ характери иҷбориро доро нест. Баръакс, ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон роҳбарияти шаҳр баҳри дастгирии молиявии онҳо оид ба зиёд намудани воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт дар шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»-1 млн сомонӣ ва 20 нафар соҳибкорон ба ҳар яке аз онҳо 50,0 ҳазор сомонӣ - 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо кард, ки имрӯзҳо ҳар кадоме онҳо ба иҷрои вазифаҳои худ аллакай шурӯъ кардаанд, ки боиси натиҷаҳои дилхоҳ гардидаанд.
Мувофиқ ба таҳлилҳо талаботи ҳаррӯзаи сокинони шаҳр бо гӯшт 70 тоннаро ташкил медиҳад ва барои фурӯши як кг гӯшт бо ҳисоби миёнаи (гов ва гӯсфанд) 23,5 сомонӣ ҳамарӯза маблағи 1 млн 645 ҳазор сомонӣ зарур мебошад. Воридоти гӯшт ба маблағи 4 млн сомонӣ имкон хоҳад дод, ки талаботи бозори истеъмолии шаҳр ва ҳамарӯза дастрасии истеъмолкунандагон ба гӯшти хушсифат бо нархҳои зикргардида комилан таъмин гардад.
Ибтикороти мазкур аллакай дар ду рӯзи татбиқшавӣ чунин натиҷа дод, ки нархи ғизои чорво- кунҷола дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 2,9-3 сомонӣ ба 2,4-2,3 сомонӣ поён фарояд ва тавре воқеияти имрӯза шаҳодат медиҳад истеъмолкунандагони гӯшти гову гӯсфанд бо нархҳои зикргардида имконияти қонеъ намудани талаботи худро доро гардидаанд .
Бояд тазаккур дод, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна бо амалисозии дастгириҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳо шароити мусоид ташкил карда шудааст ва дар натиҷаи он саҳми субъектҳои соҳибкорӣ дар ғановати буҷети шаҳр ба зиёда аз 51% баробар гашт.
Барои ҷалби бештари потенсиали сектори ғайридавлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2001 бо иштирок ва маблағгузории бевоситаи соҳибкорон Маркази дастгирии рушди сохибкорӣ дар шаҳри Душанбе ва соли 2003 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо баҳри рушди ҳаёти хоҷагидории шаҳр ва такмили институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муассир мегузоранд.
Гузашта аз ин маҳз бо ибтикори роҳбарияти шаҳр бори нахуст дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати робитаи бевосита бо шаҳрвандон ва таъмини имкониятҳо дар ифодаи ирода ва мавқею саҳмгузории онҳо дар идоракунии давлатӣ почтаи элктронии Раиси шаҳри Душанбе «[email protected]» дар шабакаи Интернет 13 октябри соли 2005 фаъол карда шуд.
Танҳо тавассути почтаи мазкур дар маҷмӯъ 3258, аз ҷумла дар соли 2010 - 1090 ва ба ҳолати 12 майи соли 2011 -570 муроҷиат ворид шудааст, ки ҳар кадоми онҳоро Раиси шаҳри Душанбе шахсан баррасӣ намуда. зери назорат қарор додааст. Гузашта аз ин ҳеҷ кадоме аз муроҷиат бе баррасӣ намонда, аз натиҷааш ҳар кадоме бархудор гардидаанд. Нисбати муроҷиатҳои рӯзномавӣ низ шаҳрдорӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта, гумон мекунем, ки ин ҷо ба шарҳи воқеият зарурате нест.
Дилхоҳ шахси воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ бе ягон мамоният имкон дорад, ки бо истифода аз почтаи электронӣ, телефонҳои боварии шабонарӯзӣ: 223-22-14, 221-26-95 ва қабулҳои шахсии Раиси шаҳр ва муовинони он, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе доир карда мешаванд ё худ дар ҷаласаҳои ҳар ҳафтаинаи васеи назди Раиси шаҳр, ки субҳи ҳар як рӯзи душанбе бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ доир карда мешаванд пешниҳоди худро барои баррасӣ ирсол намояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарки масъулият алайҳи сӯистифода аз қобилияти хуби харидории сокинони он изҳор менамояд, ки бо роҳҳои стихиявӣ ва сунъӣ ба болобарии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузориро пайваста татбиқ хоҳад кард.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста