Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Ҷасадҳои ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сӯхтори чанде қабл дар шаҳри Маскав рухдода ба ҳалокат расида буданд, ба ватан интиқол дода шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҷасадҳои сокинони ноҳияи Шуғнон Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола ба ватан фиристода шудаанд. «Ҷасадҳои шҳрвандони дигари Тоҷикистон низ рӯзҳои наздик ба ватан интиқол дода мешаванд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти сафоратхона.
Ба иттилои манбаъ, чанде қабл шахсияти шаҳрванди 18-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Баҳром Насимов муайян карда шуд. Ҳамчунин қаблан шахсияти панҷ нафар шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон – сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – Қурбон Аҳмадови 55-сола; сокинони нохияи Шуғнони ВМКБ – Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола; сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Қаҳрамон Мараҷабови 33-сола ва сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Исҳоқ Раҷабови 48-сола муайян карда шуда буданд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 17-уми май дар яке аз биноҳои сеошёнаи воқеъ дар қисмати ҷануби шарқии шаҳри Маскав, кӯчаи Болшой Афанасевский сӯхтор сар зада, бар асари он ҳафт нафар ҳалок ва ҳафт нафари дигар чароҳат бардоштанд.
Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, сӯхтор шояд бар асари истифодаи нодурусти бухории барқӣ сар зада бошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ супориш дод, ки нисбати ин ҳодиса чораҳои дахлдор андешида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон кӯмак расонанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста