Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Чанде қабл боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пурра ба ихтиёри Маркази кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонии назди созмони ғайриҳукуматии маҳаллии «Заршедабону» вогузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори марказ Раъно Сафарова иттилоъ дод, дар ҳамдастӣ бо нахустин кӯдакистони хусусии «Меҳрона» дар ин ҷо як чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони марказ доир гардида, ҳадаф аз он – пешкаш ва собит сохтани қобилияти беандозаи ин кӯдакон аст, ки дар сурати бо машғулияти комил фаро гирифтан то чӣ андоза ба ҷамъият зарур буданашон воқеъан нишон дода шавад.
Ба қавли мавсуф, дар марказ 79 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шуда, 29 нафар аз онҳо доимо дар марказанд ва бо боқимондагон дар маҳалли зисташон кор бурда мешавад. «Чанде қабл мо бо кӯдакон аз боғи ботаникии Кӯлоб, қалъаи қадимаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе боздид кардем», - гуфт ӯ.
Директори марказ ҳамчунин гуфт, тамоми кор бо ин кӯдакон дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ҳамгиройии кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба ҷомеаи кунунӣ» сурат гирифта, он бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, созмони байнулмилалии «Миссия Восток» ва созмони ғайриҳукуматии «Заршедабону» амалӣ мегардад.
Дӯстӣ дӯстиву лекин тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Шӯрои уламои Русия фатвои иҷозаи бисёрзаниро бозхонд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста